30 000 сомонӣ қарзи онлайн аз «Амонатбонк»
Муштариёни «Амонатбонк» метавонанд то 30 000 сомонӣ қарзи онлайн дастрас намоянд.
Низомӣ Асоев, корманди «Амонатбонк» тартиби пешниҳоди дархост, баррасии ҳуҷҷатҳо ва гирифтани қарзи онлайнро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои пешниҳоди дархост ҳуҷҷатҳои зиёд талаб карда намешавад. Шарти асосӣ – муштарӣ бояд аз замимаи «Амонатмобайл» истифода барад.
Муштарӣ метавонад бидуни ташриф ба бонк тавассути «Амонатмобайл» дархости қарзӣ ирсол намуда, қарзро дастрас кунад.
Қарор дар бораи додани қарз ба таври худкор ва дар асоси меъёрҳои муайянкардаи бонк қабул мешавад.
Аз ҷумла:
- маълумоти муштарӣ;
- қобилияти пардохтпазирӣ;
- таърихи қарзӣ;
- дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ.
Муҳлати баррасии дархост барои кушодани хати қарзӣ то 24 соати корӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ