Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Рашт ифтитоҳ шуд

Имрӯз, 11 сентябр дар ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.

Бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.

“Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосир мусоидат мекунад”,- иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад.

Синфхонаҳои таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхонаи барҳаво, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.

Ҳамчунин, барои бо ҷойи зист таъмин намудани хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шудааст. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *