Аз вобастагӣ ба худкифоӣ (видео)

Имрӯз, ки мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил мекунанд, ба рӯйдодҳои беш аз се даҳсолаи гузашта аз дидгоҳи имрӯз назар андохтан имкон медиҳад, ки роҳи тайкардаи давлат аз ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагӣ то сулҳу субот, бунёдкорӣ ва рушди иқтисодӣ равшантар арзёбӣ гардад.

Дар ин масир нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар барқарор намудани сулҳ ва таъмини суботи кишвар барҷаста аст.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд, Тоҷикистон рӯзҳои ниҳоят сангинро аз сар мегузаронд. Ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ҳазорон нафар манзили худро тарк карда, қисме аз аҳолӣ берун аз марзи кишвар, аз ҷумла дар Афғонистон паноҳ бурда буданд.

Дар чунин шароит роҳбари нави давлат ваъда дод, ки барои Тоҷикистон сулҳ меорад ва гурезаҳоро ба Ватан бармегардонад.

Барои расидан ба сулҳ музокироту мулоқотҳои зиёд баргузор шуданд. Роҳбарияти Тоҷикистон барои пайдо кардани роҳи созиш ба кишварҳои гуногун сафар кард, бо ҷонибҳои даргир сари мизи гуфтушунид нишаст ва барои барқарор кардани эътимод талош намуд. Дар ниҳоят, ин кӯшишҳо ба сулҳ ва бозгашти мардум ба Ватан мусоидат карданд.

Аммо сулҳ анҷоми мушкилот набуд. Баръакс, пас аз хомӯш шудани садои тир масъалаи дигар пеш омад: кишварро чӣ гуна бояд аз нав сохт?

Тоҷикистон баъди ҷанг бо мушкилоти ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Яке аз масъалаҳои муҳим норасоии нерӯи барқ ва вобастагии энергетикӣ буд. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла шимоли ҷумҳурӣ камбуди барқ ба зиндагии мардум ва фаъолияти корхонаҳо таъсири ҷиддӣ мерасонд.

Дар ҳамин шароит масъалаи пайвастани шабакаҳои энергетикии Ҷануб ва Шимоли мамлакат ба миён гузошта шуд. Ҳадаф равшан буд: Тоҷикистон бояд барои таъмини минтақаҳои худ ҳарчи камтар аз кишварҳои дигар вобаста бошад.

Бунёди хати интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол» яке аз қадамҳои муҳими амалӣ дар ҳамин самт гардид. Бо татбиқи ин тарҳ имкони интиқоли нерӯи барқ ба шимоли мамлакат фароҳам омад.

Дар баробари ин, масъалаи эҳёи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аҳаммияти сарнавиштсоз пайдо кард. Сохтмони ин иншоот солҳои зиёд ба таъхир афтода буд. Дар роҳи идомаи он мушкилоти иқтисодӣ ва мухолифатҳои зиёд вуҷуд доштанд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти давлат аз ҳадаф даст накашид ва сохтмони нерӯгоҳ дубора ба ҳаракат даромад.

Роғун тадриҷан аз як иншооти нотамоми замони гузашта ба рамзи талоши Тоҷикистон барои истиқлолияти энергетикӣ табдил ёфт.

Дар баробари “Роғун”, сохтмони нерӯгоҳҳои “Сангтӯда” низ барои беҳтар намудани таъминоти энергетикии кишвар аҳаммияти калон дошт.

Дар ҷараёни татбиқи ин тарҳҳо мушкилот кам набуданд. Дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон, вақте корҳои сохтмони “Сангтӯда” ба суръати бештар ниёз доштанд, масъала то сатҳи Ҳукумати мамлакат баррасӣ шуд. Барои ҳалли он зарурати сафари фаврӣ ба Москва пеш омад.

Сафар шабона анҷом ёфт ва субҳи рӯзи дигар мулоқот бо роҳбари РАО «ЕЭС» Анатолий Чубайс баргузор гардид. Дар натиҷаи гуфтушунид мутахассисон сафарбар шуда, корҳо дар Тоҷикистон тақвият ёфтанд.

Ин гуна лаҳзаҳо нишон медиҳанд, ки пушти ҳар иншооти бузург на танҳо маблағу техника, балки музокира, масъулият, сафарҳои пайдарпай ва қабули қарорҳои фаврӣ меистанд.

Ҳамзамон, бо ҷалби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шарикон тарҳҳои энергетикӣ амалӣ шуданд. Барои баъзе нерӯгоҳҳо таҷҳизот аз Чин оварда шуд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ яке аз роҳҳои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ гардид. Тибқи хотираҳои муаллифи суҳбат, дар он солҳо тақрибан 210 нерӯгоҳи хурд сохта шуданд.

Масъала танҳо сохтмони нерӯгоҳҳои азим набуд. Дар минтақаҳои баландкӯҳ ва дурдасте, ки кашидани хатҳои барқ мушкил буд, роҳҳои дигар ҷустуҷӯ мешуданд.

Бо супориши Президенти мамлакат аз Чин зиёда аз ҳазор панели офтобӣ оварда шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб ва дигар минтақаҳои дурдаст тақсим гардиданд. Онҳо дар беморхонаҳо, мактабҳо ва хонаҳои оилаҳои камбизоат насб мешуданд.

Шояд дар муқоиса бо нерӯгоҳи бузург як панели офтобӣ кори хурд намояд. Вале барои оилае, ки шабона хонааш рӯшноӣ надошт, барои мактабе дар деҳаи дурдаст ё беморхонае дар кӯҳистон он маънои тамоман дигар дошт.

Зеро рушди давлат танҳо бо иншооти азим чен карда намешавад. Меъёри дигари он беҳтар шудани зиндагии инсон аст.

КИТОБЕ ДАР БОРАИ РОҲИ ТАЙШУДА

Қисме аз ҳамин рӯйдодҳо дар китоби «Президент: аз Хусдеҳ то Сингапур» инъикос ёфтаанд. Ин китоб талош мекунад, ки нақши роҳбари давлатро ҳам дар раванди расидан ба сулҳ ва ҳам дар марҳалаи баъдии эҳёи иқтисодӣ ва давлатсозӣ нишон диҳад.

Барои нафароне, ки худ дар баъзе аз ин рӯйдодҳо иштирок кардаанд, китоб на танҳо нақли таърих, балки бозгашт ба рӯзҳоест, ки ҳар қарор метавонист ба ояндаи мамлакат таъсир расонад.

Аз ин нигоҳ, «Президент: аз Хусдеҳ то Сингапур» танҳо дар бораи як шахс ё як давраи муайян нест. Он қиссаи роҳест, ки Тоҷикистон тай кардааст: аз ҷанг ба сулҳ, аз парокандагӣ ба ваҳдат, аз вобастагӣ ба худкифоӣ ва аз барқарорсозӣ ба бунёдкорӣ.

Гул Шералӣ,
ходими давлативу сиёсӣ, собиқ Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *