79 сол умр ва даҳсолаҳо дар хизмати давлат
12 сентябр зодрӯзи ходими маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова аст. Ӯ 79 – сола шуд. Гулафзо Савриддинова 12 сентябри соли 1947 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи хоҷагии халқи ба номи Плеханови шаҳри Маскав ва баъдан Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун иқтисодчии идораи савдои шаҳраки Шӯроб оғоз намуд.
Баъдан раиси иттифоқи касаба, раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳр, муовини раиси комиҷроияи шаҳри Исфара ва дар вазифаҳои дигари роҳбарикунанда фаъолият кард.
Дар солҳои баъдӣ Гулафзо Савриддинова раиси Шӯрои вакилони халқ ва раиси шаҳри Исфара буд.
Яке аз саҳифаҳои муҳими фаъолияти сиёсии ӯ иштироки фаъолона дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аст. Гулафзо Савриддинова аз ҷумлаи ҳафт бонуе буд, ки дар кори ин иҷлосияи таърихӣ ширкат доштанд.
Соли 1997 ӯ муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар чанд даъват вакили мақоми олии қонунгузори кишвар низ будааст.
Барои фаъолияти бисёрсолааш Гулафзо Савриддинова бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ» ва як қатор медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ