Сулҳе, ки бо ҳосили ҷасорат аст (видео)

Басо рамзист, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби журналист ва публитсист Шариф Ҳамдампур  – «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» ба чоп расид. Ростӣ, ман ин китобро дар як шаб мутолиа намудам. Сабаби чунин зуд хондани китоб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки муаллиф дар саҳифаҳои он заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷасорат ва ҷонфидоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар яке аз ҳассостарин ва сарнавиштсозтарин давраҳои таърихи навини кишвар ба риштаи тасвир кашидааст.

Китоб хонандаро водор мекунад, ки ба сулҳи Тоҷикистон на танҳо ҳамчун як воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун натиҷаи талошҳои пайгирона, музокироти душвор, сафарҳои хатарнок ва иродаи устувори сиёсӣ назар кунад.

Яке аз бахшҳои муҳим ва таъсирбахши китоб ба воқеаҳои Хусдеҳ бахшида шудааст. Дар он шароити басо мураккаб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди хатарҳои мавҷуда ба он ҷо сафар намуда, бо роҳбарияти мухолифин рӯ ба рӯ гуфтушунид карданд. Моҳияти ин иқдом, ба назари ман, хеле амиқ буд. Дар вазъияте, ки ҳалли масъала бо роҳи низомӣ метавонад ҷангро боз ҳам тӯлонӣ кунад, роҳбари давлат роҳи дигарро интихоб намуд: роҳи гуфтугӯ, созиш ва дароз кардани дасти сулҳ.

Дар китоб аз вазъи бисёр душвори Афғонистон низ ёд мешавад. Он солҳо сафар ба баъзе минтақаҳо и он кишвар метавонист ба хатари воқеӣ барои ҷони иштирокдорони музокирот табдил ёбад.

Аммо, бо вуҷуди ин, сафарҳо анҷом меёфтанд. Дар яке аз чунин лаҳзаҳо Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми омодагӣ ба парвоз бо чархбол суханеро баён мекунад, ки ҳар кас омодаи гузаштан аз ҷони худ бошад, метавонад ба ӯ ҳамроҳ шавад.

Ба назари ман, ин ҷумла танҳо як сухани эҳсосӣ нест. Он вазъияти ҳамон рӯзҳоро баён мекунад. Роҳбари давлат ба ҷойе мерафт, ки хатари воқеӣ вуҷуд дошт, аммо расидан ба сулҳро аз хатар болотар гузошта буд. Ин гуна лаҳзаҳо дар китоб бисёранд ва маҳз онҳо ба хонанда имкон медиҳанд, ки моҳияти воқеии роҳи сулҳро дарк кунад.

Имрӯз, ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем, шояд барои насли ҷавон тасаввур кардани он рӯзҳо осон набошад. Аммо сулҳи имрӯза натиҷаи як рӯз ё як санад нест. Он натиҷаи солҳо талош, музокира, гузашт, сабр ва масъулият мебошад.

Аз ҳамин рӯ, арзиши китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» дар он аст, ки хонандаро ба паси пардаи рӯйдодҳо мебарад.

Муаллиф роҳи минбаъдаи Тоҷикистонро низ пайгирӣ мекунад: аз барқарор шудани сулҳу субот то созандагӣ, рушди иқтисод, бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо ва густариши робитаҳои байналмилалӣ.

Ҳамин пайванди сулҳ ва рушд хеле муҳим аст. Зеро давлате, ки дар он ҷанг идома дорад, наметавонад иқтисоди худро устувор рушд диҳад, сармоя ҷалб кунад, роҳ созад, мактаб бунёд намояд ва барномаҳои дарозмуддатро амалӣ созад. Аввал бояд сулҳ бошад. Баъд заминаи пешрафт пайдо мешавад.

Ба назари ман, ин китоб барои насли ҷавон низ аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонони имрӯз бояд донанд, ки сулҳу оромӣ худ аз худ ба даст наомадааст. Онҳо бояд донанд, ки барои ба даст овардани субот чӣ қадар талош сурат гирифтааст. Китоб дар ҳамин самт вазифаи тарбиявӣ низ иҷро мекунад. Он ҷасорат, масъулият, ватандӯстиро нишон медиҳад. Ва муҳимтар аз ҳама, нишон медиҳад, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз шахсият чӣ гуна метавонад ба раванди таърих таъсир расонад.

Аз ҳамин рӯ, ман китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур»-ро танҳо як асари публисистӣ намедонам. Он барои хонандаи имрӯз як навъ бозгашт ба рӯзҳое мебошад, ки сарнавишти давлат ва миллат ҳал мешуд.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *