Аз муҳандиси барқ то муовини Сарвазир
13 сентябр зодрӯзи арбоби давлатӣ, номзади илмҳои техникӣ ва муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аст. Ӯ 67-сола мешавад.
Усмоналӣ Усмонзода 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 аспирантураи Донишкадаи энергетикии Маскавро хатм кардааст. Ӯ номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияташро ҳамчун муҳандиси Донишгоҳи техникӣ оғоз намуда, баъдан ассистент, муаллими калон, дотсент ва муовини декани факултети энергетикӣ буд.
Солҳои баъдӣ дар сохторҳои назорати давлатии барқ ва сиёсати энергетикии кишвар вазифаҳои роҳбарикунанда дошт. 21 ноябри соли 2013 вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардида, то ноябри соли 2020 ин вазифаро ба уҳда дошт.
Аз 3 ноябри соли 2020 Усмоналӣ Усмонзода муовини Сарвазири Тоҷикистон аст ва дар ҳайати кунунии Ҳукумат ин вазифаро иҷро мекунад.
Ӯ бо ордени «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ