Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот дар 80-солагӣ даргузашт
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот субҳи имрӯз, 14 сентябр, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора пайвандонаш
ба Pressa.tj хабар додаанд.
Тибқи иттилои онҳо маросими ҷанозаи шоир зуҳри имрӯз дар Масҷиди бузурги шаҳри Душанбе, маъруф ба масҷиди «Қатар», баргузор мешавад.
Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.
Соли 2012 барои маҷмуаи ашъори «Меоям аз шигифт» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шудааст.
Фаъолияти эҷодии ӯ аз охири солҳои 60-уми асри гузашта оғоз шуда, Доро Наҷот ҳамчун яке аз шоирони муваффақи «шеъри сафед» дар Тоҷикистон шинохта мешуд.
Аз осори маъруфи ӯ китобҳои «Соҳиби кӯҳсор», «Шабнам», «Дарав», «Хирмани Маҳтоб», «Тулӯъе дар ғуруб» ва «Меоям аз шигифт» мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ