Дар Душанбе беш аз 1,8 тонна гӯшт дар шароити ғайрибеҳдоштӣ мусодира шуд

Мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе аз ошкор шудани ҳолати нигоҳдории миқдори зиёди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар шароити ғайрибеҳдоштӣ хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Қурбоналӣ Нуриддинов, сокини 32-солаи маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Шоҳмансур, ба омода кардани қимма ва маҳсулоти каллаву поча машғул буда, маҳсулоти гӯштиро дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ медоштааст.

Ҳангоми санҷиш аз ҳавлии ӯ 1 тоннаю 126 килограмм гӯшти каллаи чорвои калон, 142 килограмм забони гӯсфанд ва 540 килограмм пойи чорвои калон -дар маҷмӯъ 1 тоннаю 808 килограмм маҳсулоти гӯштӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

Мақомот мегӯянд, маҳсулоти ошкоршуда дар шароити ғайрибеҳдоштӣ нигоҳдорӣ мешуд.

Ҳамчунин, муайян шудааст, ки ин шаҳрванд барои нигоҳдории маҳсулот аз 9 яхдон истифода бурда, маблағи нерӯи барқи истифодашударо пардохт накардааст.

Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 209-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *