Рассоми маъруф Нуралӣ Солеҳов аз олам даргузашт

Имрӯз, 14 сентябр рассоми маъруфи тоҷик Нуралӣ Солеҳов дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум ба Pressa.tj  хабар доданд.

Нуралӣ Солеҳов соли 1958 дар деҳаи Зери Ҳисори Панҷакент ба дунё омадааст. Солҳои зиёд дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва эҷод мекард.

Ӯ Омӯзишгоҳи рассомии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимовро хатм карда, соли 1981 онро бо ихтисоси графика ва наққошӣ ба анҷом расонидааст.

Нуралӣ Солеҳов солҳои зиёд бо муассисаҳои ҳунарии кишвар ҳамкорӣ дошт ва 22 сол дар Хазинаи бадеии Тоҷикистон фаъолият кард. Аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ ӯ дар намоишҳои сершумори ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар бахшҳои гуногуни санъати тасвирӣ, аз ҷумла наққошӣ, графика, манзаранигорӣ, чеҳранигорӣ, натюрморт, этюд ва қаламкашӣ асар офаридааст.

Дар ташаккули ҳунарии Нуралӣ Солеҳов омӯзгоронаш Алексей Бесперстов, Григорий Кузмин ва Раҳим Сафаров нақши муҳим доштаанд. Рассом ҳамеша аз устодонаш бо эҳтиром ёд мекард ва таҷрибаи худро ба насли ҷавони мусаввирон интиқол медод. Ӯ пайванди наслҳои ҳунариро аз вазифаҳои муҳими як эҷодкор медонист.

Дар маркази осори Солеҳов инсон, табиат, зиндагии деҳот, муҳити миллӣ ва зебоиҳои рӯзгор қарор доштанд. Худи ӯ сабки эҷодиашро ба «воқеъгароии романтикӣ» наздик медонист. Ба таъбири рассом, осораш «аз рӯйи шакл воқеъгароёна ва аз рӯйи мазмун романтикӣ» буданд.

Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳо гуфта буд, ки ангезаи офаридани асар метавонад аз одитарин чизҳо – китоб, рӯзнома ё манзараи рӯзмарра пайдо шавад. Баъзан таркиби асарро дар хоб медид ва баъдан онро рӯйи матоъ меовард.

Зиндагии деҳот дар эҷодиёти ӯ ҷойгоҳи хос дошт. Рассом симои одамони воқеӣ, манзараҳои Тоҷикистон ва ҷузъиёти рӯзгори мардумро тасвир мекард ва мекӯшид тавассути ҷузъиёти зоҳиран сода маънои амиқтареро ба бинанда расонад.

12 ноябри соли 2009 дар Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Душанбе намоиши Нуралӣ Солеҳов баргузор шуда буд. Дар он осори солҳои гуногуни рассом ҳамчун намунаи «воқеъгароии романтикӣ» муаррифӣ гардид.

1 феврали соли 2020 дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши дигари ӯ бо номи «Пайванди наслҳо» баргузор шуд. Осори Солеҳов ҳамчунин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва меҳмонхонаи «Серена Душанбе» ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Яке аз охирин намоишҳои бузурги ӯ моҳи майи соли 2025 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Сафҳаҳои рӯйи одамизод» баргузор гардид. Дар он асарҳои тозаэҷоди рассом, аз ҷумла манзараҳо, чеҳраҳо ва осоре бо унсурҳои расму ойин ва нақшу нигори миллӣ пешниҳод шуданд.

Нуралӣ Солеҳов аз ҷумлаи намояндагони шинохтаи санъати тасвирии Тоҷикистон буд, ки анъанаҳои мактаби касбии наққоширо бо ҷаҳонбинӣ ва сабки шахсии худ пайванд дод. Лиризм, самимият, таваҷҷуҳ ба инсону табиат ва истифодаи унсурҳои фарҳанги миллӣ аз вижагиҳои муҳими осори ӯ ба шумор мерафтанд.

Дар назар аст, ки маросими ҷанозаи марҳум пагоҳ дар зодгоҳаш – деҳаи Зери Ҳисори шаҳри Панҷакент баргузор гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *