Хушаҳое, ки хирман шуданд

Солҳо мегузаранд. Рӯйдодҳо аз нигоҳи мо дур мешаванд. Баъзе ҷузъиёти онҳо аз хотираҳо пок мегарданд, бархе воқеаҳо бо гузашти вақт ранги дигар мегиранд. Аммо таърих ҳақ дорад, ки онро на танҳо аз рӯйи санад, балки аз забони онҳое бишнавад, ки шоҳиди ҳол буданд, Президантро ҳамсафарӣ мекарданд ва масъулияти он рӯзҳоро бар дӯш доштанд.

Мақолаҳое, ки пешкаши хонанда мегарданд, бар асоси суҳбатҳо бо шахсоне омода шудаанд, ки солҳои зиёд дар паҳлуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кардаанд, бо ӯ ба сафарҳои душвору сарнавиштсоз рафтаанд, дар музокироти сулҳ ширкат варзидаанд, дар рӯзҳои бисёр вазнини давлатдорӣ масъулият бар дӯш доштаанд ва шахсияти ӯро на аз дур, балки аз наздик мешиносанд.

Онҳо шабҳои музокироти тӯлониро дидаанд, сафарҳои хатарнокро аз сар гузаронидаанд, лаҳзаҳое буданд, ки сарнавишти як мулоқот, як қарор ё ҳатто як ҷумла метавонист ба роҳи минбаъдаи кишвар таъсир расонад.

Баъзе аз онҳо дар ҳайатҳои музокиракунандаи Ҳукумат буданд. Баъзеҳо дар хориҷи кишвар ҳамчун дипломат фаъолият доштанд. Дигарон дар масъалаҳои амният, иқтисод, энергетика ва давлатсозӣ паҳлу ба паҳлу бо Сарвари давлат кор мекарданд.

Ҳар суҳбат як дари дигар ба сӯйи таърих боз мекард. Ман мекӯшидам ҷузъиётро фаҳмам. Ҳамон лаҳзаеро, ки танҳо шахси ҳузурдошта медонад. Ҳамон ҷумлаеро, ки дар толори музокирот гуфта шуд. Ҳамон соати шабро, ки ҳама аз хастагӣ монда буданд, вале ҳанӯз созиш ба даст наомада буд. Ҳамон сафари хавфнокро, ки имкони бозгашт вуҷуд дошт, аммо роҳ идома ёфт. Ҳамон вохӯриро, ки рӯ ба рӯ бо мухолиф ё гурӯҳи мусаллаҳ сурат гирифт.

Зеро таърихи воқеӣ маҳз бо чунин ҷузъиёт зинда мешавад.

Дар ҷараёни ин суҳбатҳо ман боз ба як андеша расидам, ки сулҳи Тоҷикистонро бо санаи 27-уми июни соли 1997 маҳдуд кардан дуруст нест. Он рӯз самари як роҳи тӯлонӣ буд.

Шахсоне, ки ман бо онҳо суҳбат кардам, ҳар кадом аз дидгоҳи худ ин роҳро дидаанд. Яке аз шаби музокироти Маскав мегӯяд. Дигаре аз рӯзҳои Хуҷанд ва Душанбе. Сеюмӣ аз Хусдеҳ, Хоруғ ё Мурғоб ёд мекунад. Яке бозгашти гурезаҳоро ба хотир меорад, дигаре аз сохтмони неругоҳ, роҳ, нақб ё аз музокироти иқтисодӣ дар хориҷи кишвар.

Ҳангоми дар канори ҳам гузоштани ин хотираҳо як манзараи умумӣ шакл мегирад: роҳи давлате, ки аввал бояд аз вартаи ҷанг берун меомад, баъд худро аз нав месохт.

Зимнан, дар ин суҳбатҳо сухан танҳо аз рӯйдодҳои гузашта намеравад. Ҳамсуҳбатон ба китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» низ баҳо медиҳанд, аз нақши он дар бозгӯии корномаи роҳбари давлат, аҳаммияти он барои насли имрӯз ва зарурати хондани чунин асарҳо сухан мегӯянд.

Дар ин муддат ман дар сафарҳо будам, рӯйдодҳоро мушоҳида кардам, бо одамон суҳбат намудам, хотираҳоро сабт кардам, санадҳоро ҷамъ овардам, баъзе воқеаҳоро худ дидам ва баъзе дигарро аз забони иштирокдорони бевосита шунидам. Солҳо ин пораҳо мисли донаҳои парокандаи як тасвири бузург дар дафтарҳо, ёддоштҳо, хотираҳо ва зеҳни ман ҷамъ мешуданд. Баъзе воқеаҳоро ҳамон рӯз сабт карда будам. Баъзеи дигарро баъди солҳо аз нав барқарор кардам.

Аз ҳамин ҷиҳат, ин китоб барои ман ҳосили беш аз ду даҳсолаи фаъолияти рӯзноманигорӣ, мушоҳида, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии хотираҳои зиндаи таърих аст.

Ин шаҳодатҳо барои ман пеш аз ҳама аз он ҷиҳат арзиш доранд, ки онҳо сухани одамони аз воқеа дур нестанд. Онҳо сухани инсонҳое ҳастанд, ки баъзан худ дар қабули қарор, иҷрои он ё ҳалли паёмадҳои он иштирок доштанд.

Албатта, ҳар шоҳид воқеаро аз дидгоҳи худ мебинад. Хотира низ хусусияти инсонӣ дорад. Аммо вақте хотираҳои шахсони гуногун дар паҳлуи ҳам қарор мегиранд, санадҳо бо онҳо муқоиса мешаванд ва манзараҳои як давра пай дар пай зинда мегарданд, барои хонанда имкони беҳтари дарки таърих фароҳам меояд.

Ин силсилаи мақолаҳо идомаи ҳамон ҷустуҷӯест, ки маро солҳо боз ба навиштани китоби «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» водор мекард.

Ман мехостам бифаҳмам ва ба хонанда нишон диҳам: сулҳ чӣ гуна ба даст омад? Дар паси қарорҳои бузург чӣ воқеаҳо буданд? Кадом роҳҳо тай шуданд? Кӣ дар он рӯзҳо чӣ дид? Ва роҳбари давлат дар лаҳзаҳои ҳассосу хатарнок чӣ гуна тасмим мегирифт?

Шояд рисолати рӯзноманигор низ ҳамин бошад: он чиро, ки имрӯз шоҳидон мегӯянд, ба хотираи фардои миллат табдил диҳад.

Шариф ҲАМДАМПУР,

сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *