ММД – и Тоҷикистон 100 баробар афзоиш ёфт

Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 ба 177 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, қариб 100 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иброз дошт.

Тибқи таҳлили кошиносон, агар соли 1991 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳамагӣ 13,4 миллион сомониро ташкил медод, пас дар шашмоҳаи якуми соли 2026 он ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид.  Яъне, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушди иқтисоди миллӣ чанд маротиба боло рафтааст. Аз ҷумла, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *