Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ

Дар остонаи соли нави таҳсил, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” як иқдоми муфидро барои ҷавонон роҳандозӣ намудааст. Бо пайваст кардани он, муштариёни аз 16 то 24-сола муддати шаш моҳ аз алоқа бо шартҳои махсусан мусоид, бо нархи 50 сомонӣ дар як моҳ, истифода мебаранд. То 31 октябри соли 2026 иштирокчии иқдом шудан мумкин аст ва танҳо муштариёни нави МегаФон Тоҷикистон ба он пайваст шуда метавонанд.

“Донишҷӯ” – бастаи хизматрасониҳои барои ҷавонон муносиб мебошад. Он 36 ГБ интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ва 500 дақиқа зангҳо ба дигар шабакаҳо дар ҶТ, интернети шабона аз соати 00:00 то 06:59 бе маҳдудияти суръат ва трафик, инчунин онлайн-кинотеатрҳои IVI ва OILA TV-ро дар бар мегирад.

“Барои ҷавонон сарфаи пул ҳангоми интихоби оператори алоқа аксар вақт аҳамияти муҳим дорад. Ин иқдом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ҳамагӣ 50 сомонӣ барои шаш моҳ пардохт карда, ба дарсҳо тайёр шаванд, бо аҳли хонаводаашон дар тамос бошанд ва бо дӯстон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бе нигаронӣ аз сарфи ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа, муошират намоянд” – шарҳ медиҳад директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

То 31 октябри соли 2026, дохилан, дар дилхоҳ идораи фурӯш ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” иштирокчии иқдоми “Донишҷӯ” шудан мумкин аст. Барои тасдиқи синну сол ва имзокунии шартнома, бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошед.

Алоқаи муфид барои ҷавонон!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *