ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)

Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»

Дар хона сукути вазнин ҳукмфармо шуд. Аҳмадшоҳи Масъуд ба атроф нигариста, оромона, вале бо қатъият гуфт:

– Ин роҳ нодуруст аст. Сулҳ барои тақсим кардани вазифа нест. Сулҳ барои нигоҳ доштани давлат, якпорчагии миллат аст.

Касе чизе нагуфт. Ҳатто онҳое, ки то чанд лаҳза пеш баҳс мекарданд, сар ба зер афканданд.

Президент аз дур шоҳиди ин манзара буд.

Дар он лаҳза ӯ бори дигар дарк намуд, ки баъзан барои пеш бурдани музокирот на сухани сиёсатмадор, балки сухани касе лозим мешавад, ки ҷангро бо тамоми талхиаш чашидааст.

Аҳмадшоҳи Масъуд аз толор берун рафт, музокира дубора давом ёфт. Аммо ин дафъа оҳанги он дигар буд.

Ғалабаи мулоҳиза бар гуфтор

Дар паси дари баста боз сукут ҳукмфармо гашт. Президент ва Абдуллоҳи Нурӣ рӯ ба рӯйи ҳам қарор гирифтанд. Дар миёни онҳо мизи чӯбин меистод. Рӯйи миз чанд варақи дастнавис, як чойник чой буд, ки буғ аз ҷумакаш намебаромад. Дар паси тиреза шамоли тирамоҳ баргҳои зардро бозӣ медоронд.

Ҳар ду муддате чизе нагуфтанд. Баъзан сукут аз сухан дида, бори бештари маънӣ мекашад. Ин ҳамон сукут буд. Ҳар ду медонистанд, ки агар ин музокира мисли бисёре аз мулоқотҳои пешина бенатиҷа анҷом ёбад, шояд дигар чунин имконият фароҳам наояд.

Дар берун ҳайатҳои расмӣ, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, рӯзноманигорон чашминтизори анҷоми  музокира буданд.

Президент оҳиста аз ҷой бархост. Чанд қадам ҷониби тиреза монда, аз пушти шиша ба кӯҳҳои хомӯш нигоҳ кард. Лаҳзае хомӯш монд. Баъд оҳиста ба Абдуллоҳи Нурӣ рӯй овард.

Нигоҳаш ором буд, вале дар умқи он хастагии солҳои ҷанг хонда мешуд.

Ӯ бо овози паст гуфт:

– Домулло… Як чизро шумо аз ман беҳтар медонед.

Абдуллоҳи Нурӣ сар боло намуд.

– Чиро?

Президент лаҳзае сукут кард. Гӯё мехост ҳар суханаш ҷойи худро дошта бошад.

– Дар ҳар ду тарафи ҷабҳа тоҷик меҷангад?

– Бале.

– Дар ҳар ду тараф модарони тоҷик фарзандонашонро талаф медиҳанд?

Абдуллоҳи Нурӣ ором ҷавоб дод:

– Бале.

Президент боз пурсид:

– Дар ҳар ду тараф кӯдакон ятим мемонанд?

– Бале…

Ин дафъа овози Нурӣ дигар устувор набуд.

Президент як қадам пеш гузошт ва илова намуд:

– Пас бигӯед, домулло…

Лаҳзае сукут варзида, боз ба сухан омад:

– Мо барои кӣ меҷангем?

Дар утоқ хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Абдуллоҳи Нурӣ ҷавоб надод.

Президент низ мунтазири ҷавоб набуд.

Ӯ боз назди тиреза рафт, ба кӯҳҳо нигарист. Сипас оромона гуфт:

– Ман солҳои зиёд роҳбари хоҷагӣ будам. Мардум наздам меомаданд. Касе намегуфт, ки маро роҳбар мон, маро вазифа деҳ. Одамон ободӣ мехостанд, оби полезӣ мехостанд, тухмӣ мехостанд, мактаб мехос- танд, духтурхона мехостанд… Онҳо зиндагӣ кардан мехостанд.

Президент рӯ ба Абдуллоҳи Нурӣ гардонд:

– Имрӯз ҳам мардум ҳамон ҳастанд. Танҳо фарқ дар он аст, ки ҳоло ба ҷойи ин ҳама сулҳ мепурсанд.

Боз сукут. Чой дар рӯйи миз кайҳо хунук шуда буд. Аз берун садои вазиши шамол ба гӯш мерасид.

Президент овозашро пасттар кард.

– Домулло… Мо ҳар ду имрӯз метавонем баҳс ороем, ҳақ будани худро собит созем, Вале агар фардо дигар Тоҷикистон намонад чӣ?… Он вақт гапи ҳақ ба кӣ лозим мешавад?

Абдуллоҳи Нурӣ сарашро хам намуд. Ангуштонаш ноором рӯйи миз ҳаракат мекарданд. Сипас ба сухан омад:

– Одамони ман чӣ?

Президент дигар чизе нагуфт. Ӯ медонист, ки баъзе суханҳоро бояд ба виҷдони инсон ҳавола кард. Зеро қарорҳое ҳастанд, ки онҳоро на баҳс, балки таҳаммул мепазонад.

Президент бештар гӯш мекард, то донад чӣ ҳарфе бояд гуфт. Ӯ медонист, ки дар чунин музокирот бурд мансуб ба онест, ки бештар гӯш мекунад.

Ҳар бор, ки Абдуллоҳи Нурӣ андешаи худро баён менамуд, Президент суханашро намебурид. То охир гӯш мекард. Баъд оромона танҳо як–ду ҷумла зам менамуд. На барои рад кардан, балки барои он ки андешаи дигарро мавриди таваҷҷуҳи ҳамсуҳбаташ қарор диҳад. Гӯё мехост Абдуллоҳи Нурӣ худ роҳи ҳалро пайдо кунад.

Чунин тарзи музокира одати айёми собиқ роҳбарии ӯст. Замони раиси хоҷагӣ будан ҳамин тавр амал мекард. Аввал мардумро мешунид. Баъд роҳи ҳалро тавре пешниҳод менамуд, ки деҳқон гумон мебурд фикр аз худи ӯст. Вай хуб медонист, қароре, ки инсон моли худ медонад, аз қароре, ки ба ӯ таҳмил мекунанд, устувортар аст.

 Абдуллоҳи Нурӣ баъзан аз ҷой мехест, тасбеҳ дар даст қадам мезад. Гоҳе рӯйи миз менигарист, ангуштонашро ба ҳам мефишурд.

 Баъд аз муддате ӯ сухан оғоз кард. Ин дафъа оҳанги овозаш дигар буд. Баҳс ҳанӯз идома дошт. Вале дигар дар он тундии пешин ҳис намешуд. Мавқеи ҳар ду оҳиста – оҳиста ба ҳам наздик мегашт.

Президент тирезаро кушод. Боди форами шом аз тирезаи боз ба утоқ даромада, пардаи тирезаро сабук меҷунбонд.

Аз дур садои кӯдакон меомад. Каме баъдтар аз масҷид бонги азони шом баланд шуд. Ҳар ду садо бо ҳам омехта, фазои ором пур мекарданд.

Президент чанд лаҳза ба берун нигарист.

Баъд рӯ ба Абдуллоҳи Нурӣ гардонд.

– Домулло… Ин садоҳоро мешунавед?

Абдуллоҳи Нурӣ гӯш дод.

– Бале.

Пас аз лаҳзае таваққуф гуфт:

– Ин садоҳо моро ин ҷо оварданд.

Сукут утоқро фаро гирифт. Тиреза ҳамоно боз буд. Садоҳо шоҳиди музокирот мегаштанд.

(Давом дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *