ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)
Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»
Президент аз дур ин манзараро мушоҳида менамуд. Дар чеҳраи Абдуллоҳи Нурӣ ҳанӯз ҳамон мавқее хонда мешуд, ки чанд дақиқа пеш, дар суҳбати рӯ ба рӯ миёни онҳо ҷой дошт. Ӯ беихтиёр нафаси амиқ кашид: «Боз ҳамон ҳолат…».
Ин аввалин бор нест. Чанд ҳафта пеш, дар Теҳрон низ ҳамин ҳолат рӯй дода буд. Бо вуҷуди ин, ӯ бовар дошт, ки роҳи наҷоти Тоҷикистон аз музокирот мегузарад, на аз идомаи ҷанг. Хуни зиёд рехта шуда, деҳаҳо сӯхта нобуд гаштанд, ҳазорҳо нафар аз Ватан фирор карда, дар соҳили дигари Панҷ сарсону саргардон умр ба сар мебурданд.
Боз хотираҳо зинда шуданд. Президент вохӯрии соли 1994 бо мардуми Хатлонро пеши назар овард. Он дар рӯзҳое сурат гирифт, ки сарнавишти гурезаҳои тоҷик яке аз дардноктарин масъалаҳои давлат ба ҳисоб мерафт.
Ӯ он вақт бо алам гуфта буд:
– Танҳо дар гӯристони Мазори Шариф якуним ҳазор нафар аз мардуми мо дафн шудаанд. Якуним ҳазор нафар! Асрҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд ва рӯзе касе аз он ҷо гузашта, мегӯяд: «Ин мазори гурезаҳои тоҷик аст». Магар ин барои миллати мо нанг нест? Агар нангу номус дошта бошем, набояд хуни худ, шарафи худ ва фарзандони худро дар мулки бегона парешон гузорем. Мо бояд мардумамонро ҷамъ кунем, муттаҳид созем ва ба Ватан баргардонем. Вазифаи мо ҳамин аст.
То дар кишвар тинҷиву амонӣ барқарор нашавад, то охирин гурезаро аз хоки бегона ба манзили худаш барнагардонам, худро ором ҳис намекунам. Сарҳад аз ҳамин ҷо чанд километр дур аст. Чӣ гуна метавон ором буд, вақте соҳиби ҳамин мулку сарзамин дар он сӯйи марз вафот мекунад ва дар замини бегона ба хок супурда мешавад? Магар нангу номус ба мо намерасад? Ҳазорон нафар фавтидаанд, гӯристонҳои нав пайдо шудаанд. Агар мо мардумамонро ба Ватан барнагардонем, ҳазорсолаҳо баъд низ метавонанд моро таъна кунанд, ки ин ҷо гӯристони гурезаҳои тоҷик буд.
Ин суханон танҳо изҳори таассуф набуданд. Онҳо ба як аҳди давлатӣ табдил ёфтанд. Аз ҳамин рӯ, музокирот барои ӯ танҳо баҳси сиёсӣ ё талош барои ба даст овардани созиш не, балки пеш аз ҳама роҳи бозгардонидани мардум ба хонаҳои худ, ҷамъ овардани миллати парешон ва раҳо кардани Тоҷикистон аз вартаи ҷанг буд.
Ӯ хуб медонист: то замоне ки ҳатто як гурезаи тоҷик дар соҳили дигари Панҷ саргардон аст, сулҳ комил буда наметавонад. Мақсади асосӣ танҳо хомӯш кардани садои тир нест. Бояд мардум ба ватани худ баргарданд, деҳаҳо аз нав обод шаванд ва миллат дубора дар хоки худ сарҷамъ гардад.
Ба ин хотир, ҳанӯз дар охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр Президент се нома ба номи Абдуллоҳи Нурӣ фиристода буд. Дар ҳар се нома як пешниҳод такрор мешуд: «Ман омодаам дар ҳар гӯшае, ки лозим бошад, бо Шумо мулоқот намоям».
Барои ӯ дигар макон аҳаммият надошт. Маскав бошад ё Теҳрон. Кобул бошад ё Хусдеҳ. Муҳим он, ки ба ҷанг хотима бахшида шавад.
Қарор буд, ки музокироти навбатӣ дар Маскав баргузор гардад. Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод намуд, ки ҷонибҳо нахуст дар Теҳрон ҷамъ шаванд, матни ҳуҷҷати муштаракро омода созанд ва сипас он дар Маскав баррасӣ гардад. Ӯ хуб дар хотир дошт, ки ҳайатҳо дар Эрон ду ҳафта кор карданд, аммо натиҷаи назаррас ба даст наомад. Танҳо як лоиҳаи ҳуҷҷат омода шуд, ки 70 дарсади муҳтавои он ҳам мавриди қабул қарор нагирифт.
Сулҳ ҳанӯз танҳо дар утоқҳои музокирот нафас мекашид. Берун аз он ҷанг идома дошт. Ҳангоме ки дар толорҳо аз оштӣ, эътимод ва ризоият сухан мерафт, дар Тавилдара тирҳо ҳамоно садо медоданд.
Гуфтушунидҳо ҳанӯз натавониста буданд ҷойи туфангро гиранд.
Президент амиқ дарк мекард, ки сулҳро танҳо бо имзои санад ба даст овардан ғайриимкон аст. Санадро метавон дар як рӯз имзо кард. Аммо ба эътимод солҳо бояд нома гашт. Бинобар ин, ҳар мувофиқае, ки дар дохили толор ҳосил мешуд, берун аз толор боз имтиҳони дигареро аз сар мегузаронд.
Маҳз ҳамон рӯз ӯ ба худ андешид: ҷанг дер ё зуд ба поён мерасад. Аммо поён додани беэътимодӣ аз хомӯш кардани силоҳ ҳам душвортар аст. Зеро сулҳ пеш аз он ки дар созишномаҳо сабт ёбад, бояд дар дилҳои одамон таваллуд гардад. Акнун, дар Хусдеҳ ҳамон имтиҳон боз такрор меёфт. Дар утоқи танҳоӣ миёни ӯ ва Абдуллоҳи Нурӣ баъзе гиреҳҳо кушода шуданд. Аммо акнун мебоист он гиреҳҳо дар дилу андешаи дигарон низ боз мегаштанд.
Муколамаи Аҳмадшоҳи Масъуд бо Абдуллоҳи Нурӣ
Президент нигоҳи худро аз Абдуллоҳи Нурӣ канда, ба соҳили дигари рӯди Панҷ нигарист ва ба Зуҳуров рӯй овард:
– Сайидамир Зуҳурович!
Вазири амният наздик омад. Президент бо овози паст гуфт:
– Ҷӯраат куҷост?
Сайидамир Зуҳуров дарҳол фаҳмид сухан дар бораи кӣ меравад ва ба соҳили дигари рӯд ишора кард. Дар он ҷо Аҳмадшоҳи Масъуд бо қумандонҳо машварат дошт.
Президент чанд лаҳза ба он манзара нигарист ва бе он ки нигоҳашро канад, гуфт:
– Корҳо ҳанӯз пурра ҳал нашудаанд…
Лаҳзае сукут варзид.
Сипас бо овози паст илова намуд:
– Гапи домулло ба тарафи дигар рафта истодааст…
Сайидамир Зуҳуров дигар чизе напурсид. Ӯ мақсадро зуд дарк кард…
Танаффус ба анҷом расид. Президент ва Абдуллоҳи Нурӣ бори дигар вориди утоқи музокирот шуданд. Дар аз пасашон баста гашт. Дар утоқ танҳо ду нафар монданд. Онҳо рӯ ба рӯйи ҳам нишастанд. Музокирот идома ёфт. Касе шоҳиди гуфтугӯи онҳо набуд. Ду нафар як ба як монданд. Ду роҳбаре, ки ҳар кадом аз ҷониби худ бори масъулият бар дӯш дошт. Дар пушти яке аркони давлатӣ ва халқ меистод, дар пушти дигаре мухолифин. Аммо дар миёни онҳо танҳо як масъала қарор дошт:
– Оё Тоҷикистонро метавон аз ҷанг берун овард?
Ҳар кас гумон мебурд, ки баъди гуфтугӯйи рӯ ба рӯйи Президент ва Абдуллоҳи Нурӣ роҳи мувофиқа ҳамвортар мешавад. Аммо чунин нашуд. Баҳс боз ба гиреҳ бархӯрд.
Соате сипарӣ шуд. Дари хонаи музокирот боз гашт ва аз он Президент берун омад. Аз қиёфааш маълум буд, ки он чанд соати суҳбати паси дари баста осон нагузаштааст. Ӯ хаста менамуд. На аз сафари роҳи дур, балки аз бори гарони масъулияте, ки бар дӯш дошт.
Сайидамир Зуҳуров дар гӯшае меистод. Дуртар аз ӯ Аҳмадшоҳи Масъуд дар даст офтоба тараддуди омодагӣ ба намози аср дошт. Ҳамин ки нигоҳаш ба Президент бархӯрд, наздаш омад.
Оҳиста пурсид:
– Чӣ шуд?
– Фаҳмидан намехоҳанд. Исрор доранд, ки фалон муллоро ба ин вазифа монем, фалон муллоро ба он вазифа…
Аҳмадшоҳи Масъуд чанд сония хомӯш гардид, чеҳрааш ранги дигар гирифт, дигар он оромии пешинаро надошт.
Ӯ офтобаро ба замин гузошт. Баъд, бе ҳеҷ муқаддима ба сӯйи утоқи музокирот роҳ сипарид. Дарро кушод. Ҳамаи ҳозирон ба ӯ нигаристанд. Ӯ рост назди Абдуллоҳи Нурӣ рафт. Овозаш баланд набуд, аммо қатъияте дошт, ки тамоми толорро ба хомӯшӣ водор сохт.
– Гӯш кун, домулло…
Лаҳзае таваққуф кард.
– Мо, тоҷикони Афғонистон, аз дасти ҳамин муллою эшонҳо сар-сари теппаю дара шудем.
Касе ҷуръати сухан гуфтан надошт.
Аҳмадшоҳ идома дод:
– Аз ҳар ҷо муллоҳоро оварданд, гуфтанд раиси фалон идора шавад, вазир шавад… Ба ғайр аз ибодат чизеро намефаҳманд, аммо даъвои вазирӣ доранд.
Ӯ як қадам ба Абдуллоҳи Нурӣ наздиктар шуд.
– Бо ҷаноби Раисҷумҳур ин хел гап назан! Бигӯ, ки ман ҳуқуқшинос дорам, муҳандис дорам, табиб дорам, мутахассис дорам, онҳоро ба кор ҷалб кунед. Ин кори ӯст, ки киро ба кадом вазифа таъйин созад. Аммо, агар ҳар муллоро раиси идора кунад, ҳар эшонро вазир кунад…
Ҷумлааш нотамом монд.
Баъд савол гузошт:
– Пас давлатро кӣ идора мекунад?
Дар хона сукути вазнин ҳукмфармо шуд. Аҳмадшоҳи Масъуд ба атроф нигариста, оромона, вале бо қатъият гуфт:
– Ин роҳ нест, бас кунед! Сулҳ барои тақсим кардани вазифа нест. Сулҳ барои нигоҳ доштани давлат, якпорчагии миллат аст.
(Давом дорад)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ