Мунира Оқилова – ғолиби ҷашнвораи байналмилалӣ
Дар ҷашнвораи байналмилалии “Кашидадӯзии ироқӣ”, ки рӯзҳои 13-15 август дар шаҳри қадимии Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон баргузор гардид, ҳунармандони шаш кишвар -Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия ва Русия ширкат карданд. Чунин ҷашнвораи бонуфуз, ки аҳли ҳунари кашидадӯзиро гирдиҳам овард, дар Шаҳрисабз бори нахуст роҳандозӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷашнвораи байналмилалии кашидадӯзӣ аз вилояти Суғд роҳбари Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят Салима Каримова, кашидадӯзону тарроҳон Мунира Оқилова, Муҳаббат Раҳмонова, Нигора Насимова, Бибизайнаб Аралова, Наимаҷон Бобоева, Маҳзуна Наманова, Раҳим Розиқов, Мавҷуда Набиева ва Манзура Мансурова иштирон карданд.



Аъзои доварон баъди баррасӣ ғолибони озмуни байналмилалиро дар чаҳор номинатсия аниқ карданд. Мувофиқи натиҷагирӣ аз рӯи номинатсии «Кашидадӯзе, ки машҳуртарин бренди миллиро офаридааст», ҷои аввал насиби Мунира Оқилова аз Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби Саодат Низомова аз Ӯзбекистон ва ҷойи сеюм насиби Лейлӣ Ҳаитова аз Туркманистон гардид.
Ба ҳар кадоми ғолибон сертификат ва ба миқдори 5, 3 ва 2 миллион сӯми Ӯзбекистон мукофоти пулӣ супорида шуд.
Раиси Шурои ҷаҳонии ҳунарманд Саъд Ҳанӣ ал-Қаддумӣ аз ҳамаи иштирокчиёни фаъоли ин ҷашнвора ибрози ташаккур намуд. Вай гуфт, ки дар оянда низ ин гуна ҷашнвораҳо дар чанд шаҳри кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд, ки мақоми “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарманд”-ро ба даст меоранд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Шаҳрисабзи
вилояти Қашқадарё, Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ