Душанбе ва Теҳрон масъалаи таҳвили сӯзишворӣ бо нархи имтиёзнокро баррасӣ карданд (видео)

Тоҷикистону Эрон имкони содироти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории ҳавонавардӣ ва нафти хомро аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ кардаанд. Дар музокирот ҳамчунин пешниҳоди нархҳои имтиёзнок барои таъмини бозори Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Ин масъала аз муҳимтарин мавзуъҳои дидору гуфтугӯи ҳайати баландпояи Тоҷикистон бо мақомоти Эрон дар Теҳрон будааст.

Ҳайати Тоҷикистонро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ва ҳамраиси Комиссияи муштараки тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт ва Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» намояндагӣ карданд.

Ҳайати Тоҷикистон зимни сафари корӣ дар Теҳрон 15 август бо Муҳсин Покнажод, вазири нафти Эрон мулоқот кардааст. Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаи таҳвили маҳсулоти нафтии Эрон ба Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҷонибҳо вобаста ба имкони таҳвили сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ ва нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, пешниҳоди нархҳои имтиёзнок барои таъмини бозори Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар сурати амалӣ шудани ин созиш ва воридоти маҳсулоти нафтии Эрон бо нархҳои имтиёзнок, он метавонад ба афзоиши рақобат дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ва то андозае ба нархи маҳсулоти нафтӣ таъсир расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *