Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд
Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд.
Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд.
Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95 кг соҳиби медали нуқра шуд.
Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 95 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, паҳлавонони Тоҷикистон мусобиқаро бо 12 медал 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба анҷом расониданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ