ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)

Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»

Аҳмадшоҳи Масъуд чанд лаҳза дар назди дарвоза истод. Нигоҳаш ба девори баланд бархӯрд. Ба ҳеҷ сухан ба яке аз сарбозонаш ишора кард. Сарбоз мошинро ба девор наздик оварда, рӯи он баромад ва аз болои он ба ҳавлӣ ҷаҳид.

Аз дохил садоҳо баланд шуданд. Дарвоза боз гашт. Аҳмадшоҳи Масъуд ба саҳни ҳавлӣ даромад ва аз он ҷо рост дохили хона рафт. Дар миёни хона Абдуллоҳи Нурӣ менишаст. Дар гирдаш қумандонҳо ҳалқа зада буданд. Баробари ворид гаштани Аҳмадшоҳ ҳама аз ҷой бархостанд. Сукут ҳукмфармо гардид. Касе чуръати сухан кардан надошт.

Аҳмадшоҳ Масъуд чанд қадами дигар пеш гузошту ба ҳозирон назар андохт. Сипас нигоҳашро ба  Абдулло Нури дӯхт.

Дар хона чунон хомӯшӣ ҳукмфармо буд, ки ҳатто нафаскашии нишастагон шунида мешуд.

Ӯ ором пурсид:

–  Устод, гуфтанд, ки ба мулоқот меравӣ?

Абдуллоҳи Нурӣ бидуни дудилагӣ ҷавоб дод:

–  Бале, меравам.

Аҳмадшоҳи Масъуд лаҳзае сукут варзид ва пурсид:

–  Пас чаро ҳоло ҳам ин ҷо ҳастӣ?

Абдуллоҳи Нурӣ нигоҳашро аз Аҳмадшоҳ Масъуд канда, ба қумандонҳои гирди худ нигарист ва бо овози паст гуфт:

– Инҳо иҷозат намедиҳанд.

Аҳмадшоҳ Масъуд рӯй ба қумандонҳо гардонд ва як-як ба чеҳраи онҳо нигарист. Касе ба сухан гуфтан ҷуръат наменамуд. Ҳар кадом силоҳ дар паҳлӯ дошт. Аммо сукут дар ин лаҳза вазнинтар аз ҳар силоҳ буд.

Аҳмадшоҳ Масъуд сарлашкаре буд, ки ҳар суханаш маънӣ дошт. Ӯ боз пурсид:

– Медонӣ, имрӯз дар ин ҷо кӣ туро мунтазир аст?

Касе ҷавоб надод.

Ӯ идома бахшид:

– Ҷаноби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Боз сукут.

– Ӯ аз Душанбе ба ин ҷо омадааст. Аз миёни кӯҳҳое гузаштааст, ки ҳар лаҳза метавонистанд ба майдони ҷанг табдил ёбанд. Ӯ ба ту бовар кард. Ба суханони ту бовар кард. Ба кафолати ман бовар кард.

Аҳмадшоҳи Масъуд лаҳзае хомӯш монд. Сипас бо ҳамон оромӣ гуфт:

– Устод, Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдааш вафо намуд. Ӯ омад. Акнун навбати мост, ки ба ваъдаи худ вафо кунем. Агар имрӯз ин мулоқот баргузор нашавад, мағлуб танҳо як нафар нахоҳад буд. Мағлуб эътимод мешавад. Ва эътимод агар як бор шиканад, дубора барқарор карданаш аз бунёди як давлат ҳам душвортар аст.

Дар хона сукути вазнине ҳукмфармо шуд. Ҳама беҳаракат менишастанд. Нигоҳҳо аз Аҳмадшоҳи Масъуд ба Абдулло Нурӣ ва аз ӯ ба қумандонҳо мегузаштанд. Ҳеҷ кас сухан намегуфт. Ҳар кас интизори ҳамон як ҷумлае буд, ки метавонист самти воқеаҳоро дигар кунад.

Аҳмадшоҳ Масъуд нигоҳашро аз қумандонҳо наканда, суханашро давом дод:

– Ман солҳои зиёд дар оташи ҷанг будам. Ҷанг ғолиб надорад. Ҳар касе, ки худро ғолиб мепиндорад, рӯзе назди қабри фарзандаш қарор мегирад ва мефаҳмад, ки мағлуб шудааст.

Баъд рӯ ба Абдуллоҳи Нурӣ овард:

– Устод, туро мунтазиранд. Танҳо Президенти Тоҷикистон не. Модароне, ки фарзандошонро мунтазиранд. Кӯдаконе, ки чашм дар роҳи волидонанд. Агар имрӯз ту наравӣ, онҳоро боз ҷанг пешвоз мегирад.

Абдуллоҳи Нурӣ оҳиста аз ҷой хест. Ба қумандонҳояш нигоҳ карда, ором гуфт:

– Меравем.

Касе дигар монеъ нашуд. Гӯё дар он лаҳза на танҳо дарвозаи қароргоҳ, балки даре, ки моҳҳо миёни ҷанг ва сулҳ баста буд, низ оҳиста боз гардид.

Интихоб: сухан ё силоҳ

Ташрифи Аҳмадшоҳ Масъуд ба қароргоҳи Абдуллоҳи Нурӣ фазои маҷлисро ранги дигар дод. Агар то чанд дақиқа пеш дар чеҳраҳо аломати эҳтиёт ва интизорӣ мушоҳида мешуд, акнун ҳама медиданд, ки лаҳзаи ҳалкунанда фаро расидааст.

Дар толор намояндагони ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ҷамъ омада буданд. Касе оромона ҳуҷҷатҳоро варақ мезад, дигаре бо ҳамсафари худ суҳбат дошт, аммо дар чеҳраҳо бештар ифодаи нигаронӣ хонда мешуд.

Намояндагони ҳукумат аз ҳифзи давлат, тамомияти арзӣ ва барқарор намудани сулҳу субот ҳимоят мекарданд. Намояндагони мухолифин бошад, мехостанд дар низоми сиёсии ояндаи кишвар барои худ ва ҷонибдоронашон ҷойгоҳи қонунӣ ва кафолати иштирок дар ҳаёти сиёсиро ба даст оранд.

Мавқеъҳо гуногун, ҷанг миёни онҳо девори беэътимодӣ бунёд карда буд. Бо вуҷуди ин, ҳар ду ҷониб ба ҳақиқате расиданд, ки идомаи ҷанг дигар пирӯзӣ насиб намегардонад. Он танҳо талафот ва харобии бештар ба бор меоварад.

Маҳз ҳамин дарки воқеият онҳоро дар Хусдеҳ рӯ ба рӯи ҳам қарор дода буд.

Ҳеҷ кас намедонист, ки ин музокирот бо чӣ анҷом хоҳад ёфт. Аммо ҳама як чизро хуб эҳсос мекарданд: агар имрӯз сухан роҳи худро наёбад, фардо боз силоҳ ба сухан меояд.

Президент вориди толор шуд.

Дар паҳлуи ӯ  Абдуллоҳи Нурӣ, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем, Раиси Ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ қарор доштанд. Ҳузури онҳо ба ин мулоқот на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки оҳанги байналмилалӣ мебахшид.

Маҷлис бо суханони кӯтоҳи истиқболӣ оғоз ёфт. Аммо ҳама медонистанд, ки суханони асосӣ дар ин толор садо намедиҳанд.

Як чизи дигар низ возеҳ буд, ки имрӯз миёнаравон, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва меҳмонони хориҷӣ сарнавишти ин мулоқотро муайян намекунанд. Акнун ҳама чиз вобаста ба иродаи худи тоҷикон аст.

Президент ва Абдуллоҳи Нурӣ аз дигарон каме канортар нишаста буданд. Онҳо ором сухан мегуфтанд. Баъзан Президент ҳарф мезад ва Абдуллоҳи Нурӣ бодиққат гӯш медод. Баъзан баръакс. Лаҳзаҳое ҳам пеш меомаданд, ки ҳар ду хомӯш мемонданд. Ин хомӯшӣ аз баҳс пурмаънотар буд. Ҳар кадом сухани шунидаро дар тарозуи андеша бар мекашиданд.

Ҳозирон аз дур ба онҳо менигаристанд. Ҳеҷ кас ба суҳбаташон халал намерасонд. Ҳама эҳсос мекарданд, ки дар он чанд қадам дуртар аз мизи умумӣ, тақдири музокирот на дар баҳси ҳайатҳо, балки дар гуфтугӯи ду нафар ҳал мешавад. Ба назар мерасид, ки вазни суҳбати онҳо аз тамоми суханоне, ки дар толор садо медоданд, бештар буд. Дар пушти ҳар калимае, ки онҳо мегуфтанд, сарнавишти инсонҳо меистод: гурезае, ки интизори бозгашт буд; волидоне, ки фарзандонашонро интизорӣ мекашиданд; кӯдаконе, ки орзуи иваз шудани овозии тирро ба садои зангӯлаи мактаб доштанд.

Суҳбати ороми ду нафар дар гӯшаи толор танҳо гуфтугӯи сиёсӣ набуд. Он муборизаи ду ирода буд, ки мекӯшид роҳи наҷоти як Ватанро пайдо кунад. Ва ҳар боре, ки яке аз онҳо бо нишони ризоят сар меҷунбонд, гӯё Тоҷикистон як қадам аз ҷанг дуртар ва ба сулҳ наздиктар мешуд.

Ҳайатҳо метавонистанд матн пешниҳод кунанд, коршиносон қарорҳоро таҳия намоянд, миёнравон роҳи созишро нишон диҳанд, аммо қабул ё рад кардани онҳо танҳо ба иродаи ҳамин ду нафар вобаста буд.

Президент аз ҷой бархост. Абдуллоҳи Нурӣ низ. Онҳо ба гӯшае рафтанд ва аз он ҷо вориди утоқи музокироти як ба як гаштанд.

Дар аз пасашон баста шуд.

Пушти дари баста

Сукут фазои толорро фаро гирифт. Ҳама медонистанд, ки акнун муҳимтарин гуфтугӯи он рӯз оғоз ёфт. Онҳо бесаброна натиҷаи ин музокиротро мунтазир буданд.

Тақрибан баъди ним соат дар боз шуд. Президент ва Абдуллоҳи Нурӣ берун омаданд. Абдуллоҳи Нурӣ Давлат Усмонро бо ишора ба канор хонд. Ҳар ду каме дуртар рафтанд. Вай мухобираро гирифт, бо касе суҳбат кард. Баъд муддате хомӯш монд. Гӯё аз он тарафи мавҷҳо касе чизеро шарҳ медод. Ӯ бодиққат гӯш мекард.

Президент аз дур ин манзараро мушоҳида менамуд. Дар чеҳраи Абдуллоҳи Нурӣ ҳанӯз ҳамон мавқее хонда мешуд, ки чанд дақиқа пеш, дар суҳбати рӯ ба рӯ миёни онҳо ҷой дошт. Ӯ беихтиёр нафаси амиқ кашид: « Боз ҳамон ҳолат…» .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *