Кор дар Британия. Шумораи муҳоҷирон зиёд карда мешавад

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 2198 шаҳрванди Тоҷикистон барои анҷоми корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир сафар кардаанд.  

Чанде пеш дар Душанбе вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон масъалаҳои рушди муҳоҷирати кории муташаккилонаро баррасӣ намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ба ҷалби корфармоёни нави бритонӣ, афзоиши шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ, инчунин таъмини муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии онҳо, пешгирии қаллобӣ ва истисмори меҳнатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи муштараки «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир» муҳокима шуд. Ин ташаббус аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират бо дастгирии Хазинаи амнияти ҳамаҷонибаи Британияи Кабир амалӣ гардида, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад.

Дар доираи ин барнома барои хоҳишмандони кор дар Британия омӯзишҳои пеш аз сафар, машваратҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ, инчунин хати доимии машваратӣ барои шаҳрвандоне, ки нияти сафар доранд ё аллакай дар Британия фаъолият мекунанд, роҳандозӣ шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва гармхонаҳо ба ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот, аз ҷумла қулфинай ва дигар буттамеваҳо машғул мешаванд. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ шаш моҳ буда, хароҷоти сафар, ки аз 1 то 1,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад, аз ҷониби худи довталабон пардохт мешавад. Донистани забони англисӣ дар сатҳи гуфтугӯ низ аз шартҳои асосии иштирок дар барнома мебошад.

Дар баробари афзоиши талабот ба коргарони тоҷик, мақомоти Тоҷикистон ва сафорати Британия шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки танҳо аз тариқи ширкатҳои расмӣ ва барномаҳои тасдиқшуда барои кор муроҷиат намоянд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *