Падари ҳунармандони шинохта Суҳроб ва Олими Маҳмуд даргузашт
Падари ҳунармандони шинохтаи тоҷик Суҳроб Маҳмуд ва Олими Маҳмуд – Мирзо Маҳмудов аз олам даргузашт.
Дар ин бора сарояндаи шинохта Фурқати Саид хабар дода, ба Суҳроб ва Олими Маҳмуд ва дигар пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.
«Ба ҳунарварони шинохта Суҳроб ва Олими Маҳмуд нисбати даргузашти падарашон Маҳмудов Мирзо ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем», – навиштааст Фурқати Саид.
Тибқи иттилоъ, маросими ҷанозаи Маҳмудов Мирзо имрӯз, баъд аз намози аср, дар Ҷамоати Навобод, деҳаи Ғуриёт баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ