Сӯзишворӣ аз Чин. Тоҷикистон роҳҳои нав меҷӯяд
Камёфт шудани сӯзишвории дизелӣ ва болоравии нархи бензин дар моҳи июл боиси он шуд, ки Тоҷикистон масирҳои нави ворид кардани маводи сӯхтро биҷӯяд ва вобастагиро аз як таъминкунанда коҳиш диҳад.
Чин – масири нав?
29-уми июл вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Чин дар Душанбе Го Жиҷун масъалаи воридоти маҳсулоти нафтиро баррасӣ кард.
Сухан аз интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ меравад. Гуфта мешавад, ки ҳоло ду роҳи асосӣ мавриди омӯзиш қарор доранд: воридоти мустақим аз Чин тавассути гузаргоҳи «Қулма» ва ё интиқоли транзитӣ аз қаламрави кишварҳои сеюм.
Воридоти мустақим аз Чин метавонад барои Тоҷикистон манбаи нави таъминот шавад. Аммо масъалаи муҳим арзиши ҳамлу нақл аст. Коршиносон мегӯянд, ки масири кӯҳӣ, зарурати истифодаи нақлиёти махсус ва хароҷоти логистикӣ метавонанд ба нархи ниҳоии сӯзишворӣ таъсир расонанд.
Аз ин рӯ, воридоти сӯзишвории чинӣ танҳо дар сурате барои бозори Тоҷикистон аҳамияти воқеӣ пайдо мекунад, ки нархи он рақобатпазир бошад.
72,3 фоизи сӯзишворӣ аз як кишвар
Зарурати пайдо кардани таъминкунандагони нав тасодуфӣ нест. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар нимсолаи аввали соли 2026 Русия 72,3 дарсади тамоми сӯзишвории воридшуда ба Тоҷикистонро таъмин кардааст.
Дар муқоиса, ба корхонаҳои коркарди нафти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,5 дарсад рост меояд.
Ин нишон медиҳад, ки ҳар тағйирот дар бозори сӯзишвории Русия метавонад мустақиман ба Тоҷикистон таъсир расонад.
Моҳи июл ҳамин вобастагӣ бештар эҳсос шуд. Агар 9-уми июн як литр бензини АИ-92 дар Душанбе 11,3 сомонӣ арзиш дошта бошад, то охири июл нархи он ба 13 сомонӣ расид.
Вазъ бо сӯзишвории дизелӣ мураккабтар шуд. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯш нархи як литр солярка ба 17-18 сомонӣ расид ва дар аксари нуқтаҳо он умуман пайдо намешуд.
Аз Қазоқистон то Ироқу Эрон
Чин ягона масире нест, ки Тоҷикистон барои ворид кардани сӯзишворӣ ба суроғи он рафтааст. 29-уми июл зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Тоқаев дар Остона имкони афзоиши содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистон ба Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, масъалаи воридоти 10 ҳазор тонна маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ аз Ироқ матраҳ аст.
Бо Эрон низ дар мавриди воридоти маҳсулоти нафтӣ ва нафти хом тавофуқ ҳосил шудааст. Аммо вазъи мураккаби Ховари Миёна татбиқи амалии онро ба таъхир гузоштааст.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон талош дорад шабакаи васеътари таъминкунандагонро ба вуҷуд орад.
Мушкили сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Дар пайи ҳамлаҳои охири Украина ба зерсохтҳои нафтии Русия ва камчинии ин маводи сӯхт дар ин кишвар, Русия, ки таҳвилкунандаи асосии бензин ба Тоҷикистон аст, содироти бензинро то охири соли оянда манъ кард.
Гароншавии бензину солярка танҳо ба соҳиби мошин таъсир намекунад. Барои кишвари аграрӣ афзоиши нархи сӯзишвории дизелӣ маънои зиёд шудани хароҷоти кишоварзӣ, боркашонӣ, сохтмон ва истеҳсолотро дорад. Дар ниҳоят ин хароҷот метавонад ба нархи меваву сабзавот, маҳсулоти саноатӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум гузарад. Аз ҳамин ҷиҳат, масъалаи таъмини устувори кишвар бо сӯзишворӣ дигар танҳо масъалаи тиҷорат нест, балки ба амнияти иқтисодӣ низ иртибот мегирад.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ