Раҷабгул Қосимова – Робиаи фаромӯшнашавандаи саҳнаи тоҷик (видео)
7 август зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова аст. Ӯ соли 1947 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст.
Раҷабгул Қосимова фаъолияти ҳунариро соли 1962 дар Театри халқии Панҷакент оғоз кардааст. Баъдан барои таҳсил ба Маскав рафта, дар ГИТИС аз устодони маъруф Борис Бибиков ва Олга Пижова маҳорати актёрӣ омӯхтаст.
Соли 1971 ба Душанбе баргашт ва аз нахустин ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гардид.
Дар саҳна ӯ даҳҳо образи мондагор офаридааст. Аз ҷумла, Зайнаббибӣ дар «Қиссаи Зайнаббибӣ», Наталия дар «Васса Железнова», Робиа дар «Робиаи Балхӣ», Ноҳид дар «Ҷавонии Сино», Мартина дар «Табиби зӯракӣ» ва Фелесиана дар «Муаллими рақс». Худи ҳунарпеша нақши Робиаи Балхӣ-ро қуллаи фаъолияти эҷодии худ медонад.
Дар телевизион низ нақшҳои зиёде офаридааст. Образи Майсара дар «Найрангҳои Майсара» он қадар машҳур шуд, ки муддате мардум ҳунарпешаро «Майсара» ном мебурданд.
Раҷабгул Қосимова солҳои зиёд дар тарбияи насли нави ҳунармандони тоҷик низ саҳм гузоштааст.
Зодрӯз муборак, устоди саҳнаи тоҷик, Раҷабгул Қосимова!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ