Мусодираи 176 кило гӯшти бедона дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе 176 кило гӯшти бедона бинобар пастсифат мусодира гардид. Дар таркиби маҳсулот бактерияҳои бемориовар мавҷуд буд.

Ин миқдор гӯштро  кормандони Хадамоти гумрук аз бордони як мошин пайдо ва мусодира кардаанд.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, маҳсулоти гӯштӣ ба Фирдавс Почоев, сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таалуқ дошта, вай онро “бо мақсади ба ихтиёри шахси дигар гузоштан аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе интиқол додааст”.

Тибқи хулосаи бахши назорати бойторӣ ва фитосанитарӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар таркиби маҳсулоти мазкур бактерияҳои бемориовар, аз ҷумла стафилококки тиллоранг ошкор гардида, муомилот ва фурӯши он манъ мебошад.

Прокуратураи шаҳри Душанбе алайҳи Фирдавс Почоев барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқоли маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд,  парвандаи ҷиноӣ боз кардаааст.

Дар ҳамин ҳол, Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млн 164 ҳазор кило маҳсулоти бесифат, аз ҷумла 3 ҳазору 590 кило гӯшти бесифатро ошкор ва мусодира кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *