Дар Шаҳритус то моҳи сентябр 30 километр роҳ мумфарш мешавад
Дар ноҳияи Шаҳритус нақша доранд, ки то моҳи сентябри соли равон 30 километр роҳи мошингарди маҳаллиро мумфарш кунанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода шуд.
Тағой Абдуллозода, раиси ноҳияи Шаҳритус, гуфт, ки то имрӯз наздики 3 километр роҳ пурра мумфарш гардидааст ва дар муҳлати боқимонда боз 27 километр роҳи маҳаллӣ навсозӣ хоҳад шуд.
«Нақшаи имсолаи мумфаршкунии роҳҳои мошингард 30 километр муайян шудааст ва он пурра иҷро хоҳад шуд», – таъкид кард раиси ноҳия.
Ба гуфтаи ӯ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сокинон амалӣ мегардад.
«Сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмиру навсозии роҳҳо фаъолона саҳм мегузоранд. Дар баробари саҳми мардум, аз буҷети маҳаллӣ низ барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард маблағ ҷудо мешавад», – гуфт Тағой Абдуллозода.
Қудратулло Розиқов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳритус, дар суҳбати алоҳида бо Pressa.tj гуфт, ки соли 2025 бо саҳми сокинону соҳибкорон дар ноҳия беш аз 22 километр роҳ мумфарш гардида буд.
Ба гуфтаи ӯ, барои соли 2026 ин нишондиҳанда 30 километр муайян шуда, иҷрои пурраи нақша то моҳи сентябр пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, дар сурати иҷрои нақша, ҳаҷми роҳҳои мумфаршшуда дар Шаҳритус имсол нисбат ба соли гузашта тақрибан 8 километр бештар хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ