Фоҷиаи марговар ҳангомии наворбардорӣ (видео)

Шаби 5 август дар шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон блогери 21-сола Орзугул Уразматова бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳодиса замоне рух додааст, ки духтари ҷавон ҳангоми идораи автомобил барои шабакаҳои иҷтимоӣ видео сабт мекард.

Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи ронанда ба наворбардорӣ ҷалб шуда, ӯ идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст. Дар натиҷа автомобил аз масири ҳаракат берун шуда, ба дарахт бархӯрдааст.

Орзугул Уразматова дар пайи садама ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст. Бо вуҷуди талоши табибон, наҷот додани ӯ муяссар нашудааст ва блогери ҷавон бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон додааст.

Ин ҳодисаи фоҷиабор бори дигар хатари истифодаи телефон ва сабти навор ҳангоми идораи воситаи нақлиётро нишон медиҳад. Ҳатто чанд сония дур шудани диққати ронанда аз роҳ метавонад боиси аз даст рафтани идораи автомобил ва оқибатҳои вазнин гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *