15 миллион доллар сармоягузорӣ дар Фархор
Дар ноҳияи Фархор ҳоло беш аз 8700 субъекти хоҷагидор фаъолият доранд. Дар ин бора раиси ноҳия Зариф Назирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора қариб 900 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 368 соҳибкори инфиродӣ ва 6219 хоҷагии деҳқонӣ ба фаъолияти соҳибкорию истеҳсолӣ машғуланд. Ҳамчунин, дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 15 миллион доллар амалӣ мешавад.
Дар нимсолаи аввал бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои соҳибкорон ба маблағи 83 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ