Сабзалӣ Ҷаъфарзода: Нақшаи қабули барзиёд иҷро шуд

Соли 2026 нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи касбӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2025-ум 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,78 дарсад зиёд аст.

Ба иттилои Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, барои коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум низ нақша 4719 ҷой ё 26,64 дарсад афзуд. 

Ба иттилои директори марказ, дар давраи якум, ки аз 2-юми март то 30-юми апрел идома ёфт, 116 ҳазору 568 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025-ум 28 ҳазору 802 нафар ё 32,82 дарсад зиёд буда, 107,98 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.

Дар заминаи синфи 9-ум 22 ҳазору 605 довталаб номнавис шуда,  нисбат ба соли гузашта 2908 нафар ё 14,76 дарсад зиёд аст.

Дар даври дуюми бақайдгирӣ аз 10 то 30-юми июн дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт 7755 довталаб дар заминаи синфи 11 ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳама бештар гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм – филология, педагогика ва санъат ва 5-ум – тиб, биология ва варзиш интихоб гардидаанд.

Дар заминаи синфи 9-ум 2526 довталаб номнавис шудаанд, ки 1610 нафари онҳо гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихоб кардаанд.

Дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 довталаб ба қайд гирифта шудаанд, ки 31 ҳазору 335 нафар бештар аз соли 2025 мебошанд. Ин шумора 115,16 дарсади нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Дар заминаи синфи 9-ум шумораи умумӣ 25 ҳазору 131 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2025-ум 3348 нафар афзудааст.

Зикр гардид, ки аз 11 то 13-уми август тақсимоти такрорӣ барои довталабони нокомгашта дар нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *