Эҳсоси масъулият манзалатро боло бурдааст

Ҷойгоҳи роҳ,  бо назардошти моҳият аз азал барои одамон хоса буда, бо такомули инсоният ин раванд афунтар гаштааст.  Агар ба мазмун ва шеваи корбурди ин калима таваҷҷуҳ зоҳир намоем, аз вожаи роҳ мафҳумҳое сохта мешуданд, ки пурарзишанду бениҳоят муҳим. 

Роҳи умед, роҳи мурод, роҳи тақдир, роҳи наҷот, роҳи халосӣ ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.  Хусусан дар кишвари мо, ки  сарзамини  кӯҳистон аст, мушкили роҳ  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  мушкили асосӣ буд. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.  Чун азми Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қавӣ ва нияташон нек буд,  иқдоми мазкур дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардида,  дар ин замина Тоҷикистони чандпорча ба кишвари воҳид табдил ёфт.

Роҳ ҳам мисли одам ба нигоҳубину ғамхорӣ ниёз дорад. Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани он ногузир аст. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», нигоҳдории роҳ, фаъолият гуногунҷанба буда, маҷмӯи корҳои пешгирикунанда оид ба нигоҳубини роҳ, иншооти роҳдорӣ ва қисмати ҷудошуда, унсурҳои беҳдошти роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин бартараф кардани тағйирёбии ҷузъӣ ва нуқсонҳои қисмҳои таркибии роҳ ва иншооти он дар давоми сол (вобаста ба мавсим) амалишаванда мебошад, ки дар ин замина роҳ  аз вайроншавӣ эмин нигоҳ дошта мешавад.

 Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва  тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба зиммаи  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор шуд. Зарурати амалӣ намудани иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири нигоҳ доштани вазъи роҳ ва роҳ надодан ба вайроншавии он аст, зеро баробари харҷи маблағи зиёд барои бунёди роҳ, ҳамзамон барои нигоҳ доштани он низ маблағи зиёд лозим аст.

Рӯз то рӯз вусъат тавсеа ёфтани корҳои марбут ба таъмири куллӣ ва ҷорӣ дар масири Душанбе – Чаноқ шаҳодати шаҳодати он аст, ки рисолати хешро бо эҳсоси масъулият ва дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд.

Суратгузориши мазкур далели ин гуфта аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *