Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-рокӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд 

Замимаҳои мобилӣ роҳи қулайтарини истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ мебошанд. Қулайнокӣ, суръат ва бехатарии  чунин имкониятҳо – маҳсули меҳнати  даҳҳо мутахассисон аст. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дастаи худро оид ба  таҳияи  Inhouse   дорад. Кадом мутахассисон маҳсулотро, ба монанди замимаи  «МегаФон Life», таҳия ва  мукаммал  менамоянд ва ҳамроҳшавӣ  ба дастаи оператор то чӣ андоза осон аст?      

Таҳияи мобилӣ яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ)  маҳсуб меёбад.   Мутахассисони он на танҳо замимаҳо, балки экосистемаҳои мураккаби рақамиро эҷод мекунанд, ки   онҳо даҳҳо сервисҳоро муттаҳид менамоянд.  Аз ин рӯ, худи даста намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла  таҳиякунандагон, таҳлилгарон, озмоишгарон, дизайнерҳо  ва муҳандисонро дар бар мегирад.  

Ҳар яки онҳо бояд аз рӯи ихтисоси худ   дониши амиқ дошта бошанд.  Масалан, ҳангоми таҳияи замимаҳо  барои платформаи iOS, таҳиягарон забони барномасозии Swift, муҳити таҳияи Xcode, чаҳорчӯбаи муосири UIKit, воситаҳои  автоматизатсия,   санҷиш ва идоракунии унсурҳои вобастаро истифода мебаранд. Барои таҳияи Android, забони асосии барномасозӣ Kotlin аст ва технологияҳои калидии Android Studio, Jetpack Compose, Android Jetpack, Kotlin Coroutines, Retrofit, Room ва дигар манбаъҳои  муосир, ки барои эҷоди пешниҳодҳои мобилии фаврӣ, бехатар ва калонҳаҷм имкон медиҳанд,  ба кор бурда мешаванд.        

Барои кор дар ширкат боз чиро донистан ва тавонистан зарур аст? Ба ғайр аз донистани  забонҳои барномасозӣ, равишҳои меъморӣ, API, системаҳои назорати версияҳои GIT, CI/CD ва воситаҳои  санҷиш, инчунин доштани малакаҳои муносиб  низ муҳиманд. Қобилияти кор дар як даста, зуд аз худ кардани технологияҳои нав ва қабули қарорҳои мукаммали  муҳандисӣ ба як қисми ҳатмии  касб табдил меёбад. Маҳз чунин тарзи амал  асоси кори дастаи таҳиягарони Inhouse-и МегаФон Тоҷикистонро ташкил медиҳад.      

Мутахассисони ширкат маҳсулоти мобилиро дар ҳар як марҳила — аз тарроҳӣ то озмоиш ва рушди  минбаъдаи хизматрасониҳо — ҳамроҳӣ менамоянд. Таҳиягарон бо таҳлилгарон, дизайнерони  UX/UI, муҳандисони QA, мутахассисони DevOps пайваста  ҳамкорӣ доранд ва  ин барои фавран ҷорӣ кардани  функсияҳои нав ва нигоҳдории   сифати баланди маҳсулот имконият  медиҳад.   

Яке аз лоиҳаҳои асосии даста  – замимаи  «МегаФон Life» мебошад. Корҳои марбут ба  он мунтазам идома доранд, аз ҷумла  мутахассисон таҷрибаи корбаронро таҳлил мекунанд, амниятро тақвият медиҳанд ва имкониятҳои  навро дар асоси эҳтиёҷоти  мизоҷон  ҷорӣ мекунанд. Ҳар як навсозӣ аз давраи пурраи таҳия, озмоиш ва санҷиши  сифат мегузарад, то ки кори устувори замима  таъмин карда шавад. Зимнан, МегаФон Life  дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон беназир боқӣ мемонад. Танҳо як оператор тавонистааст чунин  замимаи дастрасро таҳия намояд.      

«Версияҳои нави системаҳои амалиётӣ, абзорҳо ва технологияҳо мунтазам пайдо  мешаванд ва бинобар ин  кормандони мо пайваста  малакаҳои касбии худро такмил медиҳанд. Дар баробари таҷрибаи техникӣ, кори дастаҷамъона, мубодилаи донишҳои ошкоро ва кӯшиши таҳияи  маҳсулоте, ки воқеан барои корбар қулай мебошанд,  ҳамоно  муҳим боқӣ мемонанд. Маҳз чунин  омезиши малакаҳои муфиду муҳим  ба дастаи мо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои мобилиро бомуваффақият рушд дода,   маҳсулоти нави рақамиро зуд ба кор дароранд» – мегӯяд  роҳбари самти таҳияи  мобилӣ ва веб-таҳияи ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» –  Фирӯз Қосимов.      

Ҳамроҳшавӣ ба  дастае, ки маҳсулоти рақамии пешрафта ва аксар вақт беназирро ба вуҷуд  меорад, орзуи ҳар як мутахассиси ТИ аст.   Роҳи расидан ба он дар ин ҷо оғоз меёбад: https://jobmf.tj/           

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *