Дамир Дӯстмуҳаммадов – оҳангсози барҷастаи тоҷик (видео)
6 август зодрӯзи Дамир Дӯстмуҳаммадов, оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Ӯ соли 1941 ба дунё омада, аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри гузашта ҳамчун яке аз оҳангсозони касбии тоҷик шинохта шудааст.
Дамир Дӯстмуҳаммадов хатмкардаи Консерваторияи Москва буда, солҳои гуногун роҳбарии Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Ӯ муаллифи операҳои «Қишлоқи тиллоӣ», «Сарбозони халқ» ва даҳҳо асари симфонӣ ва сурудҳои машҳур, аз ҷумла «Тоҷикистон», «Меҳри Ватан», «Душанбе», «Нанол асло» ва «Ошиқони Варзоб» мебошад.
Дамир Дӯстмуҳаммадов ҳамчун шахсияти барҷастаи санъати тоҷик дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи эҷодӣ дар инкишофи мусиқии касбӣ, тарғиби беҳтарин дастовардҳои мусиқии ҷаҳонӣ, тарбияи мутахассисони соҳа саҳми калон дорад.
Ӯ соли 2003 аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ