Эътироз ба 33 қарори раиси ноҳияи Панҷ

Дар шаш моҳи соли равон ба 33 қарори раиси ноҳияи Панҷ эътирози прокурорӣ оварда шуд. Аз ин, ҳафт қарор ба раиси амалкунанда вобаста аст.

Акмал Иброҳимиён, раиси ноҳияи Панҷ дар ин бора иттилоъ дода, таъкид кард, 17 эътироз аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон, 16 эътироз прокуратураи ноҳия ва 1 эътироз аз ҷониби прокуратураи генералии кишвар оварда шудааст.

Акмал Иброҳимиён мегӯяд, мутахассисону аъзоёни комиссияи замин дар вақти таҳияи лоиҳаи қарори раиси ноҳия ба хатогӣ роҳ додаанд. Ҳамин сабаб шудааст, ки ба қарор эътироз оварда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *