Суғд: 20,5 миллиард сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳ

Давоми 6 моҳи соли 2026 дар вилояти Суғд 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 111,2 фоиз таъмин гардид.

Дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода, афзуд, ки дар ин муддат 1334 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 266 номгўй расонида шуд.

Давоми 6 моҳи соли 2026 дар миқёси вилоят 66 корхонаву коргоҳи нав бо 496 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *