Таъсиси боз 17 ихтисоси замонавӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боз 17 ихтисоси нави замонавӣ, аз ҷумла дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, графикаи компютерӣ, филологияи шарқ ва дигар ихтисосҳои афзалиятнок таъсис дода шуд.

Дар ин хусус ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод ва таъкид дошт, ки аллакай соли равон аз рӯи ихтисосҳои нав донишҷӯён қабул гардиданд.

Тавре ки дар нишаст зикр шуд, айни замон дар донишгоҳ 978 омӯзгор, аз ҷумла 54 доктори илм ва профессор, 502 номзади илм ва дотсент фаъолият дошта, зиёда аз нисфи ҳайати омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Дар донишгоҳ зиёда аз 21 ҳазор донишҷӯ дар 18 факултет аз рӯи 161 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *