Муаллифи «Аспи бобом» ва «Пиёлаи шикаста» 79 – сола шуд (видео)

5 август зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад аст.

Номбурда соли 1947 таваллуд шудааст. Ӯ аз нависандагони маъруфи тоҷик буда, бо роману повест ва ҳикояҳои пурмазмуни худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҷумла, асарҳои маъруфи ӯ – «Гардиши девбод», «Пиёлаи шикаста», «Аспи бобом», «Паррончакҳо», «Баъд аз сари падар» ва «Шохи чанор»  миёни хонандагон маҳбубияти зиёд доранд.

Осори Абдулҳамид Самад бо бозтоби воқеияти зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва рӯҳу равони ҷомеа фарқ мекунад. Ӯ бо сабки хоси эҷодӣ ва маҳорати суханварӣ дар ғанӣ гардондани адабиёти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *