Се рӯз пас аз озодӣ боз ба дуздӣ гумонбар шуданд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрвандон Раҳматуллоев Дилшод ва Исамуддинов Шокирро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Тибқи маълумоти мақомот, ин ду нафар ҳамагӣ се рӯз пас аз озод шудан аз маҳбас ба манзили истиқоматие дар кӯчаи Гастело ворид шуда, маблағи пулӣ ва дигар ашёи қиматбаҳоро рабудаанд.
Ҳамзамон, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Телябелдиев Фаридунро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт намуданд. Ба иттилои тафтишот, ӯ аз манзилҳои чанд сокин телефонҳои мобилии соҳибхонаҳоро дуздидааст.
Нисбати ҳар се гумонбар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ