Абдулмаҷид Муминзод: Дар Бохтар боз 7 иншоот бунёд мешавад

Дар шаҳри Бохтар ҳафт иншоот бунёд мешавад, ки лоиҳаи онҳо дар сафари кории Роҳбари давлат муаррифӣ гардиданд. Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар 4 августи соли равон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар сафари кории Пешвои миллат, ки моҳи сентябри соли гузашта сурат гирифта буд, мо ҳафт лоиҳаро муаррифӣ намудем.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ду лоиҳа, сохтмони ду муассисаи таълимӣ оғоз шудааст. Дар боқимонда иншоот рӯзҳои наздик кор оғоз карда мешавад.

“Ду лоиҳа, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2400 хонанда дар маҳаллаи Дӯстӣ ва бинои иловагӣ барои 1400 хонанда дар назди муассисаи таълимии рақами 14 оғоз шудааст. Барои бунёди дигар иншоот, ки лоиҳаи онҳо муаррифӣ шуданд, соҳибкорон бо соҳибмулкон шартнома доранд. Иншооти мавриди назар дар минтақаи бартарафшаванда бунёд мешаванд”, -таъкид дошт номбурда.

Абдулмаҷид Муминзода афзуд, ки ду муассисаи томактабии муосир, як муассисаи таълимӣ, Маҷмааи варзишӣ ва Чойхонаи миллӣ сохта мешавад. Ба таъкиди вай лоиҳаи иншооти сохташаванда дар сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Бохтар муаррифӣ карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *