Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид.

Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Махсатулло Муминов низ дар вазни то 55 кг соҳиби медали нуқра шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз шаш кишвар, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, дар бахшҳои ката ва кумитэ миёни синну сол ва вазнҳои гуногун рақобат карданд.

Ба гуфтаи масъулони тими мунтахаб, ин натиҷа барои рушди карате дар Тоҷикистон аҳамияти калон дошта, ба варзишгарон имкони андӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ ва омодагӣ ба мусобиқаҳои сатҳи баландро фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *