Тақдири таксиҳои “10 сомонӣ” дар Душанбе чӣ хоҳад шуд?
Пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 9-уми ноябр хабар дод, ки ҳамроҳ бо Маркази «Шаҳри бехатар» давоми се рӯзи охир 128 ҳолати мусофиркашонии ғайриқонуниро дар пойтахт ошкор кардаанд. Ин ниҳод се рӯз пеш аз сабти 136 ҳолати дигари мусофиркашонии ғайриқонунӣ хабар дода буд.
Ба иттилои РВКД дар Душанбе, нисбати ронандагони қонуншикан бар асоси моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода, воситаҳои нақлиёти онҳо дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудаанд.
Мақомоти пулис мусофиркашонии расмиро барои бехатарии сокинон муҳим дониста, аз ронандагон талаб кардааст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд.
Се рӯз пеш пулиси шаҳри Душанбе аз сабти 136 ҳолати мусофиркашонии ғайриқонунӣ дар пойтахт хабар дода буд.
Он замон Раёсати ВКД дар Душанбе иттилоъ дода буд , ки дар бештари маврид ронандагоне, ки ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғуланд, воситаҳои нақлиёти худро дар қатори дуюм ва сеюм таваққуф намуда, боиси тамбашавии роҳҳо мегарданд.
Дар аксҳои нашрнамудаи мақомот дида мешавад, ки дар баробари чанд “Спринтер”-ҳои мусофиркашонӣ, таксиҳои маъруф ба 10 сомонӣ низ ҳастанд. Ронандагони чунин таксиҳо бар ивази 10 сомонӣ барои як нафар дар хатсайрҳои гуногуни Душанбе мусофиркашонӣ мекунанд. Мақомот борҳо фаъолияти онҳоро ғайрирасмӣ номида, дар пайи рейду санҷишҳо ронандагони онҳоро ҷарима бастаанд.
Ошкору сабти даҳҳо таксиии ғайриқонунӣ тайи чанд рӯзи ахир дар ҳолест, ки дар Душанбе, ки “Ҷура таксӣ” ба мусофиркашонии расмӣ машғул аст, шикоятҳо аз сифати хидматрасониҳои он борҳо садо додааст.
Дар кӯчаҳои Душанбе баъзе аз ронандаҳои “Ҷӯра” мисли таксиҳои ғайрирасмӣ бар ивази 10 сомонӣ дар хатсайрҳои махсус ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ