Дар Панҷакент мактаберо ба номи генерал Худойқул Ҳамроқулов гузоштанд
Дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент ба хотири гиромидошти яке аз зодагони барӯманди ин диёр, генерал-майори мақомоти амният, нахустин раиси Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон ва собиқ муовини вазири амният Худойқул Ҳамроқулов, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба номи ӯ гузошта шуд.
Маросими номгузорӣ ва пардабардорӣ аз лавҳаи хотиравии генерал дар саҳни муассисаи таълимӣ бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, генерал-майор Зубайдулло Алихонов, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони мақомоти амнияту гумрук, дӯстону ҳамкорон ва сокинони деҳа баргузор гардид.



“Зимни ҳамоиш аз фаъолияти пурсамари давлатӣ ва хизматҳои генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов дар таҳкими амнияти кишвар, таъсису ташаккули мақомоти гумруки Тоҷикистон, фаъолияти парлумонӣ ва идоракунии давлатӣ ёдовар шуданд”,- иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз мақомоти шаҳри Панҷакент.


Таъкид гардид, ки ӯ дар солҳои ҳассоси аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар бунёд ва рушди низоми гумруки кишвар саҳми назаррас гузошта, баъдан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла муовини вазири амният ва муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими гиромидошт аз хислатҳои неки инсонии генерал низ ёдоварӣ гардид. Ҳамкорону дӯстонаш ӯро ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, инсони ҳалиму кордон, марди қавлу амал ва содиқ ба Ватан ёд карданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз осорхонаи ба номи Худойқул Ҳамроқулов, ки дар муассисаи таълимӣ ташкил шудааст, боздид намуданд. Ҳамчунин, онҳо бо боғе шинос шуданд, ки генерал дар як гӯшаи зодгоҳаш бунёд карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Худойқул Ҳамроқулов 25 марти соли 1947 дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Номбурда 6 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар синни 77 – солагӣ даргузашт.
Ӯ хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Тарас Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Айнӣ) буд. Фаъолиятро солҳои 1966 –1967 аз омӯзгорӣ дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ғарм оғоз карда, баъди адои хизмати ҳарбӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ пайваст.
Ҳамроқулов аз соли 1971 дар сохторҳои Кумитаи бехатарии давлатӣ фаъолият намуда, дар вазифаҳои масъули мақомоти амнияти вилоятҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хатлон кор кардааст.
Яке аз марҳилаҳои муҳимтарини фаъолияти ӯ ба таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистони соҳибистиқлол марбут аст. Ҳамроқулов нахуст сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан раиси Кумитаи давлатии гумрук буд. Соли 1994, дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ, роҳбарии Кумитаи давлатии гумрукро ба уҳда гирифт ва барои ташаккули ин ниҳоди давлатӣ талош кард.
Инчунин, ӯ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум буда, дар дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ вазифаи мудири шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро иҷро кардааст. Дар марҳилаҳои дигари фаъолияташ муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси шаҳри Душанбе буд.
Худойқул Ҳамроқулов номзади илмҳои иқтисодӣ, генерал-майори мақомоти амният ва мушовири давлатии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи сеюм буд. Хизматҳои ӯ бо ордени «Спитамен», медалу ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ