Садои “хлопушка” боз нороҳат мекунад? Боздошти ҷавоне бо гумони муомилоти маводи оташзо
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ё оташзо хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, Назир Эргашбоеви 35 сола аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ боздошт гардид.
Манбаъ мегӯяд, Назир Эргашбоев 29-уми октябр 986 қуттии калони маводи тарфгарии тамғаи «Trenia X»-ро ба маблағи 24 ҳазору 650 сомонӣ аз шаҳрвандони яке аз кишварҳои ҳамсоя харидорӣ намуда, бо мақсади минбаъд ба фурӯш баровардан, бо роҳи пинҳонӣ вориди кишвар кардааст.
“Маводи мазкур ба миқдори 463 ҳазору 420 адад ба гурӯҳи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил шуда, дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад”,-навиштааст манбаъ.
Нисбати Назир Эргашбоев бар асоси моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ҳоле ки хариду фурӯш ва паҳнсозии маводҳои оташзое ба мисли “хлопушка” манъ аст, вале ҳар сол бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо боиси нигарониву нороҳатии баъзе сокинон мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ