ДМТ ба рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Осиё ворид шуд

Созмони байналмилалии раддабандии донишгоҳҳо – «Квакварелли Саймондс» ё «Кю-Эс» (QS) 3-юми ноябри имсол раддабандии нави худро нашр намуд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба Pressa.tj  хабар доданд, ки ин донишгоҳ бори ҳафтум дар ин раддабандӣ шомил гардидааст. Ба иттилои манбаъ, ДМТ дар арзёбии имсола  26,1 хол ба даст оварда, ба гурӯҳи беҳтарин донишгоҳҳои Осиё шомил шудааст.

“Ин нишондиҳанда беҳтарин натиҷаи донишгоҳ дар раддабандии мазкур аз соли 2020 ба ин сӯ арзёбӣ мешавад.
Дар арзёбии нишондиҳандаҳои алоҳидаи донишгоҳ саҳми донишҷӯёни хориҷӣ бо 76,7 хол дар ҷойи аввал қарор дорад. Таносуби омӯзгорон ба донишҷӯён 58,8 хол ва нишондиҳандаи омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ 56,9 холро ташкил додааст”, -гуфт Илёс Ғаффорзода, муовини ректори  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба равобити хориҷӣ.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи нуфуз дар миёни корфармоён 34,2 хол, эътибори академӣ 25,9 хол ва табодули академии донишҷӯён ба хориҷи кишвар 16,6 хол гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони ин донишгоҳ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорони хориҷӣ, рушди пажӯҳишҳои илмӣ ва беҳтар намудани сифати таҳсил аз омилҳои муҳимми боло бурдани рақобатпазирии ДМТ ба шумор мераванд.

Дар раддабандии нави  «Кю-Эс» (QS) дар маҷмуъ 1722 донишгоҳ аз 26 кишвар ва қаламрави Осиё ҷой гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *