Мамнуъгоҳи «Зоркӯл»-ро камераҳои худкор назорат мекунанд

Дар мамнуъгоҳи табиии  «Зоркӯл» камераҳои худкор насб намудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, камераҳои аксбардори худкор дар ин мамнуъгоҳ бо мақсади тақвияти мониторинги илмӣ дар фасли зимистон насб шудаанд.

“Камераҳо дар гузаргоҳҳои экологӣ, масирҳои ҳаракат ва мавзеъҳои ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷойгир карда шуданд. Аксҳои сабтшуда барои омӯзиши таркиби намудӣ, арзёбии шумора, ҳаракати мавсимӣ ва ҳолати популятсияи ҳайвонот маълумоти муҳим фароҳам меоранд”,-гуфтааст манбаъ.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд,  ин иқдом ба омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологии мамнуъгоҳ мусоидат менамояд.

Мамнуъгоҳи  «Зоркӯл» дар ҳудуди ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ҷойгир буда, дар он  намудҳои нодири ҳайвонотест, ки ба Китоби Сурхи ҷумҳурӣ дохил мешаванд.

“Зоркӯл” аз муҳимтарин марказҳои ҳифзи табиат дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, яке аз ҳадафҳои таъсиси он, ҳифзи ҳайвоноти нодир ва таъмини шароити мусоид барои рушди тадқиқотҳои илмист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *