Хуҷанд: 1,2 млрд сомонӣ истеҳсоли маҳсулот дар 6 моҳ
Дар шаҳри Хуҷанд давоми нимсолаи аввали 2026 ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаригашта 275,4 млн сомонӣ ё 26,3 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, аз миқдори умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ҳаҷми содироти он ба хориҷи кишвар 240 млн сомонӣ буда, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 фоизро ташкил додааст.
Ҳамзамон, 125 корхона маҳсулоти воридотивазкунанда ба маблағи 574,7 млн сомонӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда 102,9 млн сомонӣ ё 121,8 фоизро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ