Ҳайкалтароши маъруф ва муаллифи нимпайкараи Маҳмудҷон Воҳидов (видео)

8 август зодрӯзи рассом ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик Камолиддин Нодиров аст. Ӯ соли 1957 ба дунё омадааст ва аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Камолиддин Нодиров бо офаридани асарҳои гуногуни ҳайкалтарошӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои ҳунарӣ шинохта шудааст. Яке аз корҳои маъруфи ӯ нимпайкараи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов мебошад.

Ин асар дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт нигоҳдорӣ мешавад.

Камолиддин Нодиров бо эҷодиёти худ дар рушди санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошии тоҷик саҳм гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *