Аз «Помир» то футболи бузурги Аврупо
Ӯ дар майдон бо иродаи қавӣ ва дар зиндагӣ бо ҷавонмардӣ эътибор пайдо кардааст
Рашид Раҳимов яке аз маъруфтарин чеҳраҳои варзиши тоҷик дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупо мебошад. Ӯ ҳамчун футболбоз дар дастаҳои Тоҷикистон, Русия, Испания ва Австрия ҳунарнамоӣ карда, баъдан дар мақоми сармураббӣ чандин бошгоҳи маъруфи Русияро роҳбарӣ намуд. Раҳимов аз камтарин футболбозонест, ки ҳам дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ва ҳам мунтахаби Русия ба майдон баромадааст.
Бо чӣ маъруф аст?
Рашид Маматқулович Раҳимов 18-уми марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ тарбиятдидаи мактаби футболи «Захираҳои меҳнатӣ»-и пойтахт буда, нахустин мураббиаш Сергей Насиров буд.
Раҳимов ҳанӯз дар овони наврасӣ ба дастаи ҷавонони «Помир» роҳ ёфт. Соли 1982, дар синни 17-солагӣ ба ҳайати асосии машҳуртарин дастаи футболи Тоҷикистон шомил шуд. Дар баъзе сарчашмаҳо оғози фаъолияти ӯ дар ҳайати «Помир» ба синни 16-солагӣ нисбат дода мешавад, аммо маълумоти расмии оморӣ ҳузурашро дар дастаи асосӣ аз соли 1982 нишон медиҳад.
Он солҳо роҳ ёфтани як наврас ба ҳайати «Помир» кори осон набуд. Даста аз футболбозони пуртаҷриба иборат буд ва ҳар кас барои ҷойи худ мубориза мебурд. Вале Раҳимови ҷавон бо омодагии ҷисмонӣ, иродаи қавӣ, ҷасорат ва муборизаи беамонаш тавонист ҷойгоҳи худро пайдо кунад.
Ӯ дар ҳайати «Помир» аз соли 1982 то соли 1991 ҳунарнамоӣ карда, дар мусобиқаҳои қаҳрамонии Иттиҳоди Шуравӣ 277 бозӣ анҷом дод ва 24 гол зад.
Дастае, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекард
Барои мардуми Тоҷикистон «Помир» танҳо як дастаи футбол набуд. Он мояи ифтихори миллӣ ва рамзи ҳузури тоҷикон дар варзиши бузурги Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт.
Соли 1988 «Помир» ғолиби Лигаи якуми чемпионати СССР гардид ва ба Лигаи олӣ роҳ ёфт. Рашид Раҳимов яке аз бозигарони калидии он даста буд. Худи ҳамон сол ба ӯ унвони Устоди варзиши СССР дода шуд.
Раҳимов метавонист ҳам дар хати ҳимоя ва ҳам дар нимҳимоя бозӣ кунад. Ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ нерӯманд, дар муборизаҳои як ба як устувор ва дар гирифтани тӯб сахтгир буд. Дар баробари ин, майдонро хуб медид ва дар лаҳзаҳои душвор метавонист ҳамдастагонашро аз паси худ бубарад.
Соли 1991 номи ӯ ба рӯйхати 33 футболбози беҳтарини чемпионати СССР ворид карда шуд. Ин дастовард собит мекард, ки Раҳимов аллакай аз доираи футболи Тоҷикистон берун рафта, ба яке аз бозигарони эътирофшудаи Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфтааст.
Даъват ба «Спартак»
Пас аз ҳунарнамоии муваффақ дар «Помир» Рашид Раҳимов ба бошгоҳи машҳури «Спартак»-и Маскав даъват гардид.
Гузариш аз Душанбе ба яке аз пурқудраттарин дастаҳои футболи шӯравӣ ва баъдан Русия дар зиндагии ӯ марҳалаи нав боз кард. Дар «Спартак» рақобат ниҳоят шадид буд. Барои ба ҳайати асосӣ роҳ ёфтан футболбоз бояд ҳар рӯз бартарии худро исбот мекард.
Раҳимов дар ҳайати «Спартак» соҳиби Ҷоми СССР дар мавсими солҳои 1991-1992 ва ду маротиба – солҳои 1992 ва 1994 қаҳрамони Русия гардид.
Соли 1994 ӯ ба рӯйхати 33 футболбози беҳтарини чемпионати Русия ворид шуда, дар мавқеи худ ҷойи дуюмро гирифт.

Таҷриба дар Испания
Соли 1992 Рашид Раҳимов ба бошгоҳи испании «Реал Валядолид» гузашт. Дар он давра барои футболбози зодаи Тоҷикистон бозӣ кардан дар Испания дастоварди нодир буд.
Дар «Реал Валядолид» ӯ дар мавқеъҳои гуногун – ҳимоятгари марказӣ, нимҳимоятгари такягоҳӣ ва ҳатто наздик ба хати ҳамла ба майдон мебаромад. Дар як мавсим барои ин даста 29 бозӣ анҷом дода, 2 гол зад.
Ҳарчанд дар тӯли мавсим дар бошгоҳ се мураббӣ иваз шуд, Раҳимов тавонист ба талаботи ҳар кадоми онҳо мутобиқ гардад. «Реал Валядолид» дар анҷоми мавсим ба Ла Лига – зинаи олии футболи Испания роҳ ёфт.
Ин таҷриба нишон дод, ки футболбози мактаби «Помир» метавонад дар муҳити комилан дигар, дар футболи техникӣ ва босуръати Аврупо низ мавқеи худро пайдо кунад.
Аз «Локомотив» то Австрия
Пас аз Испания Раҳимов ба Русия баргашта, дар ҳайати «Локомотив»-и Маскав ҳунарнамоӣ кард. Аммо осеби вазнини пой ба фаъолияти ӯ таъсир расонд. Баъдан дубора ба «Спартак» пайваст ва барои даста дар мусобиқаҳои дохилӣ ва аврупоӣ бозӣ кард.
Соли 1995 фаъолияти ӯ дар Австрия оғоз ёфт. Рашид Раҳимов панҷ сол дар бошгоҳи маъруфи «Аустрия»-и Вена ҳунарнамоӣ карда, дар 120 бозӣ 12 гол зад. Сипас дар дастаҳои «Адмира Ваккер» ва «Рид» бозӣ намуд.
Ӯ фаъолияти футболбозии худро соли 2002 дар Австрия ба анҷом расонд. Дар маҷмуъ, дар сатҳи бошгоҳӣ беш аз 500 бозӣ анҷом дод.
Раҳимов аз зумраи аввалин футболбозони тоҷик буд, ки на танҳо ба футболи Аврупо роҳ ёфт, балки солҳои зиёд дар он ҷо мавқеи худро нигоҳ дошт.
Барои ду тими миллӣ
Дар сарнавишти варзишии Рашид Раҳимов як воқеаи нодир ҷой дорад: ӯ ҳам барои тими миллии Тоҷикистон ва ҳам барои мунтахаби Русия бозӣ кардааст.
Солҳои 1992 ва 1996 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ду вохӯрӣ анҷом дод. Солҳои 1994-1995 бошад, дар чаҳор бозии расмии мунтахаби Русия ба майдон баромад.
Он замон қоидаҳои байналмилалии футбол нисбат ба тағйир додани тими миллӣ ба шакли имрӯза сахт набуданд. Аз ин рӯ, ҳузури ӯ дар ду мунтахаб қонунӣ буд.
Ин саҳифаи фаъолияти Раҳимов рамзи як давраи мураккаби таърихӣ низ ҳаст: даврае, ки Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт, давлатҳои нав ба вуҷуд омаданд ва сарнавишти варзишгарон миёни чанд кишвар тақсим гардид.
Аз футболбозӣ то мураббигӣ
Рашид Раҳимов пас аз анҷоми фаъолияти футболбозӣ аз майдон дур нашуд. Соли 2002 фаъолияти мураббигии худро дар Австрия оғоз карда, сармураббии «Адмира Ваккер» таъин гардид.
Баъдан ӯро ба Русия даъват карданд. Раҳимов дар солҳои гуногун бошгоҳҳои зеринро роҳбарӣ кардааст:
- «Амкар»-и Перм;
- «Локомотив»-и Маскав;
- «Терек»-и Грозний;
- «Ахмат»-и Грозний;
- «Уфа»;
- «Рубин»-и Қазон.
Роҳбарӣ кардани «Локомотив» – яке аз бошгоҳҳои маъруфи Русия барои ҳар мураббӣ дастоварди муҳим аст. Аммо марҳалаҳои назаррастари фаъолияти Раҳимов ба «Амкар», «Терек» ва «Рубин» вобастаанд.
Ӯ одатан дастаҳоеро қабул мекард, ки дар вазъияти мушкил қарор доштанд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар футболи Русия Раҳимовро ҳамчун мураббии сахтгир, интизомталаб ва тавоно дар раҳо кардани даста аз буҳрон мешиносанд.
Натиҷаи таърихӣ бо «Терек»
Рашид Раҳимов солҳои 2013-2017 бошгоҳи «Терек»-и Грознийро роҳбарӣ кард. Даста зери роҳбарии ӯ тадриҷан аз мубориза барои мондан дар Лигаи олӣ ба яке аз рақибони ҷиддии бошгоҳҳои пешсаф табдил ёфт.
Дар мавсими солҳои 2016-2017 «Терек» мақоми панҷуми чемпионати Русияро соҳиб шуд. Ин беҳтарин натиҷаи даста дар таърихи он то ҳамон давра ба ҳисоб мерафт.
Дар ҳамон мавсим шогирдони Раҳимов ду маротиба «Зенит»-и Санкт-Петербургро шикаст доданд. Даста то давраҳои охирин барои роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои аврупоӣ мубориза бурд.
Ин натиҷа ҷойгоҳи Раҳимовро дар қатори мураббиёни соҳибэътибори футболи Русия устувор кард.
Бозгашти «Рубин» ба Лигаи олӣ
Моҳи апрели соли 2023 Рашид Раҳимов сармураббии «Рубин»-и Қазон таъин гардид. Дар назди ӯ вазифаи муҳим – баргардонидани даста ба Премйер-лигаи Русия гузошта шуд.
«Рубин» таҳти роҳбарии ӯ ғолиби Лигаи якум гардида, ба зинаи олии футболи Русия баргашт. Баъди бозгашт низ даста худро ҳамчун рақиби ҷиддӣ нишон дода, аз бошгоҳҳои пурқудрат хол мегирифт.
Як қатор футболбозони ҷавон ва бозигарони хориҷии «Рубин» дар давраи роҳбарии Раҳимов пешрафт карданд. Ӯ то моҳи январи соли 2026 сармураббии даста буд.
Рашид Раҳимов миёни ҳамватанон, аз ҷумла тоҷикони муқими Русия эҳтироми зиёд дорад. Нуфузи ӯ бештар ба обрӯи касбӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва мавқеаш дар футболи Русия такя мекунад.
Ӯ шахси нисбатан камгап ва дур аз фаъолияти намоишкоронаи ҷамъиятӣ аст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи онҳое, ки ӯро мешиносанд, дар сурати муроҷиат тавассути шахсони боэътимод аз расонидани кумак ба ҳамватанон худдорӣ намекунад.
(Идома дорад)
Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ