“Адрасмон” баъди таваққуфи тӯлонӣ ба кор медарояд
Корхонаи маъдантозакунии “Адрасмон”, ки яке аз корхонаҳои муҳими саноати кӯҳкории вилояти Суғд ба шумор меравад, баъди солҳои тӯлонии таваққуф фаъолиятро аз нав оғоз мекунад.
Дар ин бора раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлодзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2026 хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои чинии «Я Син» ва тоҷикистонии «Авесто Гурӯҳ» нақша доранд, ки то 9-уми сентябри соли равон истеҳсолро дар корхона оғоз намоянд.
Дар марҳилаи аввал корхона тадриҷан ба фаъолият оғоз карда, баъдан иқтидори истеҳсолӣ афзоиш дода мешавад. Баъди дубора ба кор даромадани корхона тақрибан 600 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ