Юнус Юсупов –  чеҳраи шинохтаи театру синамои тоҷик (видео)

9 август зодрӯзи ҳунарпеша ва коргардони маъруфи театру синамои тоҷик Юнус Юсупов аст. Ӯ соли 1949 дар шаҳри Ҳисор, дар хонадони ҷарроҳ Ҳомидҷон Юсуфӣ ба дунё омадааст.

Юнус Юсупов соли 1975 факултети актёрӣ ва соли 1977 факултети коргардонии Институти умумииттифоқии давлатии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Фаъолияти эҷодии ӯ аз солҳои 1970 оғоз шуда, дар тӯли фаъолияти худ дар даҳҳо филми тоҷикӣ ва хориҷӣ нақш офаридааст.

Ӯ ҳамчунин коргардони беш аз 20 филми бадеӣ ва телевизионӣ мебошад. «Ҷинояткор ва адвокат», «Гаравгон», «Номзад», «Зистан мехоҳам» ва «Одами барфӣ» аз ҷумлаи корҳои маъруфи ӯянд, ки дар ҷашнвораҳои гуногун соҳиби ҷоиза шудаанд.

Юнус Юсупов соли 2001 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *