Бонуи соҳибкоре, ки тиҷорати воридотиро ба истеҳсолоти бузурги ватанӣ табдил дод

Аз 12 метри мураббаъ то империяи озуқаворӣ

Каромат Назарова яке аз бонувони муваффақи соҳибкори Тоҷикистони муосир ба шумор меравад. Ӯ аз нуқтаи хурди савдо дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд то роҳбарии як гурӯҳи бузурги истеҳсолию фурӯш расидааст, ки зери тамғаи молии «Далерон» фаъолият мекунад.

Имрӯз «Далерон» яке аз калонтарин таъминкунандагони маҳсулоти яхбаста дар Тоҷикистон мебошад. Ширкат бо беш аз 3500 нуқтаи савдо дар саросари ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, дорои низоми мустақили нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулот аст. Он ба истеҳсоли гӯшти паранда, хӯроки омехтаи паранда, маргарин, спред ва дигар навъҳои маҳсулоти равғанӣ машғул мебошад.

Дастоварди асосии Каромат Назарова дар он аст, ки тавонист фаъолияти худро аз доираи воридоти одии мол берун барорад. Ӯ тиҷоратро аз ворид намудани маҳсулоти хориҷӣ оғоз карда, тадриҷан ба таъсиси силсилаи мукаммали истеҳсолӣ гузашт: аз гирифтани чӯҷаҳо бо усули инкубаторӣ ва истеҳсоли хӯрок то парвариш, забҳ, коркард, бастабандӣ ва расонидани маҳсулоти тайёр ба истеъмолкунанда.

Ҳамин тавр, нуқтаи савдои ҳамагӣ 12 метри мураббаъ ба гурӯҳи корхонаҳое табдил ёфт, ки имрӯз дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм мегузоранд.

Ҳама аз бозори «Панҷшанбе» оғоз шуд

Таърихи соҳибкории хонаводаи Назароваҳо соли 2009 аз бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Он замон Каромат Назарова ҳамагӣ як нуқтаи савдои 12 метри мураббаъ дошт.

Барои соҳибкори навкор ин давраи осон набуд. Дар бозори маҳсулоти озуқаворӣ рақобат шадид буд. Савдои маҳсулоти яхбаста бошад, таҷҳизоти махсус, сардхонаҳои боэътимод, таъмини доимии неруи барқ ва риояи қатъии ҳарорати заруриро талаб мекард.

Аммо маҳз дар ҳамин бозор Каромат Назарова талаботи воқеӣ, завқи харидорон ва шеваҳои савдои яклухту чаканаро омӯхт. Нуқтаи хурди савдо барои ӯ ба як мактаби воқеии соҳибкорӣ табдил ёфт.

Соли 2010 воридоти маҳсулоти яхбаста аз ИМА ва Туркия ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон ширкат дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нуқтаҳои савдои яклухт таъсис дод.

Соли 2011 номгӯйи маҳсулоти ширкат бо гӯшти ҳалоли истеҳсоли Ҳиндустон ғанӣ гардид. Пас аз як сол корхона воридоти маҳсулоти яхбастаи моҳиро аз Ветнам ва Русия ба роҳ монд. Дар баъзе нашрияҳо аз ҳамкорӣ бо таъминкунандагони вилояти Мурманск – яке аз марказҳои бузурги саноати моҳидории Русия низ ёд мешавад.

То соли 2013 фаъолияти ширкат шакли муназзам гирифт: шабакаи мукаммали тақсимотӣ таъсис ёфт, зерсохтори анборҳо васеъ гардид ва робита бо корхонаҳои савдою истеҳсолкунандагони хориҷӣ таҳким ёфт.

Ҷуғрофиёи ҳамкорӣ: аз ИМА то Зеландияи Нав

«Далерон» бар хилофи як ширкати одии савдои яклухт аз оғоз кӯшиш намуд, ки манбаъҳои воридоти худро гуногун созад. Ин тарзи кор имкон медод, ки ширкат аз як бозор вобаста набошад ва маҳсулотро бо назардошти сифат, нарх, имкониятҳои ҳамлу нақл ва талаботи ҳалол интихоб намояд.

Тибқи маълумоти худи ширкат, ҷуғрофиёи ҳамкориҳои он Русия, ИМА, Туркия, Ҳиндустон, Бразилия, Ветнам ва Зеландияи Навро фаро мегирад.

Ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони хориҷӣ ба Каромат Назарова на танҳо имкони дастрасӣ ба маҳсулоти гуногун, балки таҷрибаи нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти зудвайроншавандаро низ дод. Бо ин мақсад зерсохтори мустақили сардхонаҳо таъсис ёфт. Анборҳо ва воситаҳои нақлиёти ширкат бо дастгоҳҳои муосири хунуккунанда муҷаҳҳаз шудаанд, ки сифати маҳсулотро аз корхона то мағоза нигоҳ медоранд.

Имрӯз маҳсулоти «Далерон» дар беш аз 3500 нуқтаи савдои саросари Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ин яке аз нишондиҳандаҳои асосии миқёси воқеии тиҷорати Каромат Назарова аст. Зеро нуфузи ширкат на танҳо бо иқтидори истеҳсолӣ, балки бо қобилияти расонидани маҳсулот ба истеъмолкунандагони тамоми минтақаҳои кишвар низ муайян мегардад.

Аз воридот ба истеҳсолоти худӣ

Муҳимтарин марҳалаи рушди тиҷорати Каромат Назарова гузариш аз фурӯши маҳсулоти воридотӣ ба истеҳсолоти дохилӣ буд.

Тиҷорате, ки танҳо ба воридот такя мекунад, аз қурби асъор, хароҷоти нақлиёт, маҳдудиятҳои марзӣ ва вазъи бозорҳои хориҷӣ вобастагии зиёд дорад. Ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ имкон дод, ки ин хатарҳо коҳиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва қисми зиёди арзиши иловашуда дар дохили кишвар боқӣ монад.

Гурӯҳи корхонаҳои Назарова ду самти асосиро рушд дод: парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти равғанӣ.

Дар сохтори тиҷорат корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда – ҶДММ «Назар» ва корхонаи «Субҳи Заррин» таъсис ёфтанд. «Субҳи Заррин» ба истеҳсоли маргарин, спред, омехтаҳои равғанӣ ва дигар навъҳои маҳсулот машғул аст.

Корхонаҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, мутахассисон бо мусоидати шарикон аз Русия, Туркия ва Чин омӯзиш гирифтанд.

250 ҳазор паранда ва 270 ҳазор чӯҷа дар як давр

18-уми ноябри соли 2024 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро мавриди истифода қарор дод.

Барои бунёди корхона беш аз 11 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, дар ин иншоот 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Шумораи умумии кормандони ширкат дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 150 нафар зиёд аст.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар корхонаи парандапарварӣ беш аз 250 ҳазор сар паранда нигоҳдорӣ мешавад. Иқтидори инкубатории он имкон медиҳад, ки аз як тухмхобонӣ қариб 270 ҳазор чӯҷа гирифта шавад.

Дар корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори он дар як соат то панҷ тонна хӯрокро ташкил медиҳад. Доштани истеҳсоли хӯроки худӣ барои парандапарварӣ аҳамияти махсус дорад. Ин омил имкон медиҳад, ки арзиши аслии маҳсулот, сифат ва суръати афзоиши паранда назорат шуда, вобастагӣ аз таъминкунандагони беруна коҳиш ёбад.

ҶДММ «Назар», ки маҳсулотро зери тамғаи молии «Далерон» истеҳсол мекунад, расман яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд номида шудааст. Он дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезии паранда саҳми намоён дорад.

Таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар

Корхонаҳои Каромат Назарова борҳо ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шудаанд.

Моҳи феврали соли 2021 Сарвари давлат дар ифтитоҳи корхонаҳои «Субҳи Заррин» ва «Назар», ки ба истеҳсоли маргарин, равған ва гӯшти паранда машғуланд, иштирок намуд.

Моҳи ноябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуд. Президенти кишвар зимни шиносоӣ бо фаъолияти он ба саҳми занон дар рушди соҳибкорӣ ишора карда, ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, дар таъмини фаровонии бозор саҳми бештар гузорад.

Истеҳсолот ба ҷойи вобастагӣ

Фаъолияти корхонаҳои Каромат Назарова дар заминаи таъмини истиқлоли озуқавории Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Солҳои пеш кишвар миқдори зиёди гӯшти паранда ва тухмро аз хориҷ ворид мекард. Тибқи маълумоти расмӣ, дар натиҷаи рушди парандапарварии ватанӣ воридоти ин маҳсулот чандин маротиба коҳиш ёфтааст.

Роҳи тайкардаи худи Каромат Назарова ин дигаргуншавии иқтисодиро равшан инъикос мекунад. Соли 2009 ӯ дар бозор маҳсулоти воридотиро мефурӯхт. Имрӯз корхонаҳои ӯ гӯшти паранда, хӯроки омехта ва маҳсулоти равғаниро истеҳсол мекунанд.

Самти Русия

Русия дар ҷуғрофиёи тиҷоратии «Далерон» ҷойгоҳи муҳим дорад. Ширкат солҳои зиёд бо истеҳсолкунандагони русии гӯшти паранда, моҳӣ, таҷҳизот ва технология ҳамкорӣ мекунад.

Дар баъзе нашрияҳо гуфта мешавад, ки «Далерон» тақрибан даҳ сол боз бо яке аз бузургтарин ширкатҳои агросаноатии Ставропол ҳамкорӣ дошта, даромади солонаи он ба даҳҳо миллиард рубл мерасад. Аммо номи шарик ва шартҳои қарордодҳо расман ошкор нашудаанд.

Шарикони рус ҳамчунин дар омӯзиши мутахассисон ва насби таҷҳизот дар корхонаҳои ширкат саҳм гузоштаанд. Ин робитаҳо мавқеи Каромат Назароваро тақвият дода, ба ӯ имкони дастрасӣ ба бозори бузург, технология, истеҳсолкунандагон ва доираҳои тиҷоратиро медиҳанд.

Каромат Назарова сиёсатмадор нест ва роҳбарии созмони ҷамъиятиеро низ ба уҳда надорад.

Сармояи асосии ӯ танҳо маблағ ва корхонаҳо нест. Он низомест, ки тайи солҳои фаъолият истеҳсолот, робитаҳои байналмилалӣ, ҳамлу нақл ва ҳазорҳо шарики тиҷоратиро ба ҳам овардааст. Маҳз ҳамин низом Каромат Назароваро ба яке аз бонуфузтарин бонувони соҳибкори Тоҷикистон табдил медиҳад.

(Идома дорад)

Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *