Аз 1 август дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд қитъаи роҳ муваққатан маҳдуд мешавад
Аз 1 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар чанд қитъаи роҳ маҳдудияти муваққатии ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мегардад. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ниҳод, маҳдудиятҳо ҳамарӯза, ба истиснои рӯзи якшанбе, аз соати 06:00 то 11:00 амал хоҳанд кард.
Дар ин муддат ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан аз ҳамоиши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи С. Носир, инчунин аз гардиши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ («Товус») то гардиш аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Назаров («Наврӯзгоҳ») маҳдуд карда мешавад.
Дар робита ба ҷорӣ шудани ин маҳдудиятҳо ба сокинони пойтахт ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии масири ҳаракати худ ин тағйиротро пешакӣ ба назар гирифта, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ