Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

31 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро имкони мусоид барои баррасии роҳҳои пешбурди муштараки масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ давлатҳои минтақаро ба вокуниши муштарак ва муассир нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон, Сарвари давлати мо афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба минтақаи мо таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин раванд барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли маводи сухт сохта шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *